Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ансамбли «Бонувон» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ консерти ҳисоботӣ доданд

  Бахшида ба ҷашни 25-солагии  Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори «Ағунун»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» консерти ҳисоботии ансамбли «Бонувон»-и донишкада баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ҳайати ансамбли  «Бонувон» бо роҳбарии муаллими калон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Шарипова  дар консерти ҳисоботӣ  шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз, аз қабили «Тоҷикистон», «Таронаи рӯд», «Таронаи занон», «Гулдухтарони тоҷик», «Оби равон», «Сабзинаранг», «Эй диёрам», «Дарё»,  «Пешвои миллат» ва сюитаи рақсиро  пешкаши ҳозирин  намуданд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ,  Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ профессор Муҳриддин Низомӣ ба устодон ва донишҷӯдухтароне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

 «Бонувони донишкада дар қатори устодон ва донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла  «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  ва  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, донишкадаро муаррифӣ менамоянд»,-изҳори қаноатмандӣ кард  Ректори донишкада.

Ҳамзамон Муҳриддин Низомӣ устодон ва донишҷӯдухтарони ансамбли  «Бонувон»-и муассисаро бо «Диплом» ва «Ифтихорнома»- ҳо қадрдонӣ намуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон