Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъомади идона доир гардид

Ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷамъомадро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба дастовардҳои мамлакат дар даврони Истиқлолият ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сухан гуфт.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаю прагматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат  дар даврони Истиқлолият на танҳо равобити судмандро бо давлатҳои ҷаҳон барқарор намуд, балки бо  татбиқи дипломатияи  хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як давлати фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шуд.

Зимни ҷамъомад Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ба кормандони Вазорат аз номи Роҳбарияти давлат мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Ҳамзамон дар ҷамъомад маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шуданд, баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон