Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳо, устодону коршиносони соҳа, намояндагони меҳмонхонаву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар  ҳамоиш, доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу усулҳои таъмини рушди устувори соҳа дар шароити имрӯза сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми  солҳои охир дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ дастовардҳо зиёд гардида,  дар натиҷаи ин тадбирҳо  ташрифи  сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардонидаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро мегузаронад.

Таъкид гардид, ки  сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш якчанд нафар кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқ, рушд ва пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои сокинони сайёра  ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»