Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Бо пешниҳоди Кумитаи рушди маҳал 174 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иваз гардид

«Ховар»/. Бо пешниҳоди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ аз соли 2021 инҷониб 174 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз гардидааст, иттилоъ дод Раиси  Кумита Шарифҷон Ҷумъазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Аз тарафи гурӯҳи кории кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12 ҳазору 593 номи субъектҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид, ки аз ин теъдод 7682 номро объекти ҷуғрофӣ ва 4911 ададро номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин ташкил медиҳанд.

Инчунин кумита номгузорӣ кардани 10 шаҳрак, 28 деҳот, 553 деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва воҳидҳои маъмурии ноҳияи Файзободро ба уҳда гирифта, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои пешниҳоди хулосаю мувофиқасозӣ ба  вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»