Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Бонки миллии Тоҷикистон ба «Душанбе Сити Бонк» иҷозатнома дод

Бонки миллии Тоҷикистион ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Хоқим Холиқзода зимни супоридани Иҷозатнома ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати ҶСП «Душанбе Сити Бонк» Хуршед Ақдодов барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва саҳм доштан дар рушди низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ муваффақият хост.

Мавриди зикр аст, ки Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи «Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабти дахлдорро ворид намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон