Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҶОВИДОН БОД ИСТИҚЛОЛ! Дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид

Имрӯз бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, собиқадорони соҳа ва ҳайати шахсиву роҳбарияти раёсат иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ Рустам Мирзомуродзода оид ба дастовардҳои замони истиқлол ва нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдату иттиҳоди миллат сухан гуфт.

Иброз гардид, ки барои Тоҷикистон истиқлолу озодӣ дастоварди бузурги таърихие мебошад, ки ифодагари озодии сиёсӣ ва асоси пешрафти давлати миллӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ — ин, пеш аз ҳама, озодӣ, ғоя, меъёр ва арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки тавассути онҳо манфиатҳои миллии давлатамон ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.


Дар интиҳои ҳамоиш ба иштирокдорон филми мустанад оид ба дастовардҳои замони Истиқлол ва заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.

Ҳамзамон кормандони фаъол бо рутбаҳои навбатии хизматӣ ва ифтихорномаву нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»