Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА КАМОНВАРӢ. Ғолибони он миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон муайян шуданд

Аз 17 то 19 май дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд. Дар ин бора котиби мусобиқа Майрам Кантаева ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар чемпионат 28 нафар аз Душанбе (2 даста) ва Суғд (2 даста) иштирок карда, дар ду масофа 60 метр (наврасон) ва 70 метр (ҷавонону калонсолон) сабқат намуданд. Миёни духтарони то 17-сола дар масофаи 60 метр Заринаи Фирӯз аз дастаи Душанбе-1 ғолиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро намояндагони дастаи Суғд-2 Мадина Ҷӯраева ва Муслима Абдуллоева сазовор шуданд.

Дар ҳамин синн миёни писарон ҳарсе ҷои ифтихориро варзишгарони дастаи Суғд-2 ба даст оварданд: Абдумалик Ғаниев ҷои якум, Исломҷон Салимов ҷои дуюм, Салимҷон Салимов ҷои сеюм.

Дар сабқати ҷуфти омехта миёни наврасон дар масофаи 60 метр Мадина Ҷӯраева/Абдумалик Ғаниев (Суғд-2) мақоми аввалро гирифтанд. Ҷои дуюм насиби ҷуфти Заринаи Фирӯз/Билол Раҳимӣ (Душанбе-1), ҷои сеюм насиби ҷуфти Азиза Юсупова/Исломҷон Салимов (Суғд-2) гардид.

Миёни ҷавондухтарони то 20-сола дар масофаи 70 метр Дилноза Аҳмадова аз дастаи Душанбе-1 пирӯз шуд. Ҷои дуюмро Азиза Кантаева ва мақоми сеюмро Карина Олейникова- ҳарду аз дастаи Душанбе-2 соҳиб гардиданд.

Миёни писарон дар ин синн Абубакр Тураев аз дастаи Душанбе-2 ҷои аввалро ишғол кард. Иброҳим Азаматов аз дастаи Суғд-1 дуюм ва Сафарбек Маҳмадуллозода аз дастаи Душанбе-1 сеюм шуданд.

Дар сабқати бонувон (аз 20-сола боло) дар масофаи 70 метр Фирӯза Зубайдова аз дастаи Душанбе-1 ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Мавзуна Азимова (Суғд-1), ҷои сеюмро Мадина Раҷабова (Душанбе-2) ба даст оварданд. Миёни мардҳо мақоми аввалро Абдуғаффор Рустамов (Суғд-2), ҷои дуюмро Умед Раҳмонов (Душанбе-1), ҷои сеюмро Шуҳрат Муҳамадиев (Душанбе-2) сазовор гардиданд.

Дар сабқати ҷуфти омехта миёни калонсолон Фирӯза Зубайдова/Умед Раҳмонов (Душанбе-1) сазовори ҷои аввал шуданд. Ҷуфти Мавзуна Азимова/Абдуғаффор Рустамов (Суғд-2) ҷои дуюм, ҷуфти Мадина Раҷабова/Шуҳрат Муҳамадиев (Душанбе-2) ҷои сеюмро гирифтанд.

АКС: КМО Тоҷикистон