Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе Бизнес-форум миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад

14 июни соли равон дар Меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе Бизнес форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  Бизнес форуми мазкур   аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ЭКСКОН Групп»-  и Федератсияи Русия  гузаронида мешавад.

Зикр карда шуд, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Кирови Федератсияи Русия, ки чор ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар мегирад. Ҳайати мазкур бо мақсади дидан  ва аз наздик шинос шудан  бо  имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишвар ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии  худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

АКС: ПСС ҶТ