Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат баррасӣ гардид

. 26 июл  мулоқоти роҳбарияти  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбари намояндагии ширкати Пфайзер Экспорт Би.Ви. дар Ҷумҳурии Қазоқистон, директори генералии мамлакатҳои Қавқоз ва Осиёи Миёна баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Ҳадафи асосии мулоқот- баррасии масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии саривақтии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат ба ҳисоб рафта, талаботи муқарраршуда дар самти танзими соҳаи фарматсия, воридот ва муомилоти дору дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Мавриди тазаккур аст, ки ширкати Pfizer яке аз бузургтарин ширкатҳои фармасевтӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади таъмини стандартҳои баланди сифат дар ҷараёни гузаронидани тадқиқоти бехатар, коркард ва истеҳсолоти доруворӣ аз технологияҳои инноватсионӣ ва захираҳои имрӯзаи глобалӣ истифода мебарад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатро дору, ваксинаҳо ва молҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, омодагии худро ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуданд.

АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ