Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мутахассиси аршади Бонки Осиёии Рушд /БОР/ оид ба тағйирёбии иқлим хонум Кейт Ҳюз дар Душанбе баррасӣ гардиданд.  

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон  доир ба афзалияти асосии ҳамкорӣ ва маҷмӯи тадбирҳои миллии андешида оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон табодули назар намуданд. Барои ҳар яке аз 5 бахши асосии саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ба нақша гирифта шудаанд.

Зикр гардид, ки корҳо дар дигар самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии Тоҷикистон ба Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид  оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри имсол дар Миср баргузор мешавад, идома дорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон