Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Хатлон шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозатномаи иқомат гирифтанд

Кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар байни шаҳрвандони хориҷии муқими ҳудуди вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ мебаранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

-Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Шаҳритӯс чунин вохӯриҳо доир гардида, ба як зумра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозатномаи иқомат дода шуданд,-афзуд манбаъ.

Кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунӣ гардонидани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ѓайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои марбут ба онҳо, бақайдгирии симкортҳо тибқи шиносномаҳои соли 2014» пайваста миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ мегузаронанд.

Раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳатман тибқи қонунгузории Тоҷикистон аснод тартиб дода, будубоши худро дар кишвар қонунӣ намоянд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон