Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар шаҳри Ню Йорк лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дастгирӣ ёфт

19 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ ва муовини Вазири Девони корҳо оид ба рақобатпазирӣ ва мубодилаи донишҳои Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб имконияти васеи сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисоди мамлакатро муаррифӣ намуда, ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони НБО «Роғун» ва лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, объёрӣ ва тағйирёбии иқлим дархост ба амал овард, ки аз он ҷониб дастгирӣ ёфт.

Ҷониби АМА дар навбати худ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Барномаи давлатии АМА оид ба мубодилаи таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ, ки ба тақвияти иқтидори мақомоти давлатӣ, институтҳо ва шахсони инфиродӣ равона шудааст, даъват намуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби АМА барои даъват ба ҳамкорӣ оид ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 28) миннатдорӣ намуда, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар ин самт изҳор намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон