Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Суғд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор шуд

25 сентябр бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши идона баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки воқеан ҳам Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини на танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази фарҳангиву ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ машҳур мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «шуҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо намудааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи мамлакат мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шуҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».

Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ бунёд шуданд, ки саҳифаҳои дурахшони китоби таърихи шаҳр дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешаванд.

Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, маҷмааҳои хизматрасонӣ ва фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ ва гӯшаҳои зебои сайёҳӣ мояи ифтихори на танҳо хуҷандиён, балки тоҷикону тоҷикистониён мебошанд. Хуҷанди бостонӣ имрӯз бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон ва дар маҷмуъ бо мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад.

Дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба сокинони гуногункасб унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим гардид.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи дохилию хориҷӣ ба барнома ҳусни дигар зам намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд