Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Футзалбозони тоҷик ҷамъомади тамринии ниҳоиро пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз намуданд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҷамъомади ниҳоии тамринии худро қабл аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷамъомади ниҳоии даста 25 сентябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оғоз шуд. Пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд меравад ва дар онҷо бо дастаи футзали ВМВ – чемпиони Узбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 2 ва 3 октябр барпо мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад менамояд. Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва ҳамчунин ҳафт дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»); 

Бозигарон: Комрон Алиев, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»). 

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024

 Гурӯҳи «E»

ТОҶИКИСТОН

Мянмар

Фаластин

Ҳиндустон

 Даври 1

 7 октябр (шанбе)

  Даври 2

 9 октябр (душанбе)

  Даври 3

 11 октябр (чоршанбе)

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон