Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ИСТИҚЛОЛИЯТ- НОДИРТАРИН ПАДИДАИ СИЁСИВУ САРНАВИШТСОЗ. Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои насли калонсол расад

Дастовардҳои мамлакати маҳбуби мо дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ободиву тараққиёт саъю талош менамояд. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиву ду  сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад».

Ин рӯз барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басе пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд.

Иҷрои ин вазифаҳо дар шароити рақобати шадиди сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аз роҳбарияти давлат сиёсати дурандешонаву пайгирона ва аз аҳли ҷомеа сабру таҳаммул, ягонагиву якдигарфаҳмӣ ва сарҷамъиро тақозо менамуд. Дар роҳи берун кашидани мамлакат аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ мехостем нақши созандаи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар сокини Ватани маҳбубамонро таъкид намоем, махсусан  ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид.

Пешвои миллат дар ҳар суханрониҳояшон ба ҳар сокини мамлакат, ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири мамлакат саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос менамоянд.

Неруи бузурги мардуми мамлакати мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад.

Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддамтар мешуморем.

Сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем.

Вале баёни ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи буҳронии мамлакат  бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуда, таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон аз ҷониби собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ҳамчун модели муассири ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ ба давлатҳое, ки ба буҳрони сиёсӣ, ҷангҳои байниҳамдигарӣ дучор гардидаанд, тавсия шуд.

Имрӯз мо истиқлолияти воқеии давлатӣ дорем ва моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки Тоҷикистонро ба давлати боз ҳам пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба мулки ободтар  табдил диҳем.

Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори сокинон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мақоми меҳвариро ишғол менамояд.  Президенти мамлакат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо  ҳамаи тадбирҳоро меандешем, ки дастгирии давлатиро дар ин самт боз ҳам тақвият диҳем, барои қишри эҳтиёҷманди ҷомеа кумакҳои давлатиро тавсеа бахшем, ба рушди оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи сокинон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро омилҳои мазкур пояи муҳимми устувории ҷомеа мебошанд. Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги бою рангоранг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд.

Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор намоем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем.

Насли имрӯза бояд ба қадри ранҷу заҳматҳои насли калонсол расад ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан иҷро намояд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Нуралӣ СОБИРЗОДА,
муовини аввали Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон