Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — НЕРУИ МУТТАҲИДСОЗИ МИЛЛАТ». Дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Дар Корхонаи воҳиди давлатии  бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандони бонк ва меҳмонон таҳти унвони «Истиқлолияти комил — неруи созандаи миллат» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози иштирок дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастҷамъиро дар минтақа бе иштироки фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур намуд.


Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва давлатеро  бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва он дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро доро аст. Истиқлолияти комил, якдилӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат маҳз ба заҳматҳои шабонарӯзии ин марди асил- қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё алоқаманд аст, ки хишти асосии пойдевори сарҷамъии ин миллатро гузоштаву дар охири қарни 20 ва аввали қарни 21 таърихсозӣ намуда, мақому манзалати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.

Дар идомаи ҷаласа кормандони фаъоли Бонк барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа бо ифтихорномаю раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»