Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова таҳти унвони «Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ.

Дар барномаи фарҳангӣ раққосаҳои балет аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Япония ҳунарнамоӣ мекунанд.

Агар умр вафо мекард, беҳтарин балеринаи тоҷик Малика Собирова 22 майи имсол 80 — сола мешуд, вале ӯ дар синни 39 ин оламро тарк кард. Ӯ Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна(1964), Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1967), мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон(1967), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мебошад.


Малика Собироваро асосгузори рақси балети классикии тоҷик медонанд. Зеро истеъдоди табиӣ ва меҳнатдӯстии ӯ сабаб гардиданд, ки ин ҳунарпешаи нотакрор дар саҳна нақшҳои беназир ва олӣ офарад. Ӯ тавассути рақси мавзун ва хиромони шарқӣ эҳсосҳои самимии инсониятро ҷустуҷӯ намуда, ба тамошобинон мерасонд.

Малика Собирова зимни фаъолияти худ дар саҳнаҳои бузурги Британия, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Аврупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ намуда буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»