Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об аз ноҳияи Варзоб боздид карданд

Имрӯз меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз ноҳияи Варзоб, ки он дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст ва бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати сокинони оламро ба худ ҷалб намудааст, дидан карданд.

Нахуст меҳмонон аз истироҳатгоҳи «Хоҷа обигарм», ки он дар баландии 1740—1960 метр ҷойгир аст, боздид намуданд. Манзараҳои зебои гирду атрофи ин истироҳатгоҳ дили меҳмононро тасхир кард. Дар ин ҷо меҳмонон инчунин аз гулу гиёҳҳои дармонбахши Тоҷикистон харидорӣ намуданд.

Сипас меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки он дар Маҷмааи истироҳатӣ-фароғатии «Кохи Малика» ташкил шуда буд, боздид намуданд ва бо шароиту имкониятҳои истироҳат дар Маҷмааи мазкур шинос гардиданд.


Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону иштирокдорони конфронс ҳамзамон аз неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе ва Ҳисор боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангии Тоҷикистон шинос гардиданд ва таассуроти нек бардоштанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Варзоб-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»