Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос шуд

  7 июн муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии поёни ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз боздиди муассисаи мазкур ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо  ҷараёни  хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот мебошад.

Мавсуф бо фаъолияти муассисаи мазкур, аз ҷумла рафти муоина ва ташхиси беморон шинос шуда, инчунин аз масъулин доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ пурсон шуд.

Ҳамзамон бо ҷараёни Корвони саломатии сайёр, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил гардидааст, шинос шуда, бо як қатор намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар савол дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифт.

Дар анҷоми боздид Амина Муҳаммад  ба як қатор занону духтарон, ки дар доираи Корвони саломатии сайёр дар  муассиса қарор дооштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. 

АКС: Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон