Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Нур-Султон иштирок ва суханронӣ намуд

ДУШАНБЕАМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 10 июн дар Нур-Султон  ҷаласаи 94-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он доираи васеи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ баррасӣ шуд. Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.

Дар оғози мулоқот роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мақсадноки рушди иқтисоди кишварҳои узви ИДМ барои соли 2021маълумот манзур гардида, вазъи кунунии кишварҳои узви Иттиҳод ва вокунишҳои муштараки имконпазир ба мушкилоти ҷойдошта баррасӣ шуд.

Инчунин дар бораи фаъолияти Шӯрои роҳбарони палатаҳои кишварҳои узви ИДМ дар солҳои 2019-2021 ҳисобот ва дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти (ҳокимияти иҷроия) давлатӣ, ки захираҳои моддии давлатии кушварҳои узви ИДМ дар солҳои 2017-2021-ро идора мекунанд, маълумот пешкаш карда шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин тадбирҳои амалӣ оид ба огоҳонидани садамаи ҳастаӣ ё ҳолати фавқулоддаи радиатсионӣ, ҳаҷм ва муҳтавои кумак дар доираи иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи Созишнома дар бораи ҳамёрии кишварҳои узви ИДМ оид ба омодагӣ ба садамаҳои ҳастаӣ ё ҳолати фавқулоддаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила дар рафъи оқибатҳои онҳо аз 2 ноябри соли 2018 ва нақшаи чорабиниҳо барои марҳилаи дуюм (2022-2025) оид ба татбиқи Самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал барои давраи то соли 2025-ро тасдиқ карданд.

Дар ҷаласа маълумот оид ба натиҷаҳои Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои узви ИДМ дар соли 2021 баррасӣ шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ 23 сентябри соли 2022 дар Москва баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ