Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба кашшофи асрори замин мукофоти давлатӣ супорид

5 сентябр, дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Корхонаи воҳиди «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ»-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳрӯз Шарифов  барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонмедали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Тавре сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридора иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ин қадршиносиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун подоши хизмати содиқонаи онҳо  ба давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи сиёсии муосири миллати тоҷик дастоварди бузург маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастоварди муқаддас вазифа ва рисолати халқи шарифи Тоҷикистон, аҳли зиё ва тамоми шаҳрвандони баору номуси Ватан мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ дар арафаи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ як гурӯҳ  кормандони соҳаи геология  бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардида буданд.

АКС: АМИТ «Ховар»