Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД. Дар деҳаи Навободи шаҳри Турсунзода 3 км роҳ навсозӣ карда мешавад

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби соҳибкорону сокинони деҳаи «Ортиқ Ҷумаев»-и Ҷамоати деҳоти Навобод корҳои мумфаршкунии 3 км роҳи маҳаллӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Сокинони саховатпеша  ва соҳибкорони бонангу номуси деҳот азм доранд, ки дар марҳилаҳои минбаъда роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро низ асфалтпӯш намоянд.

Имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳудуди шаҳр бунёду навсозии роҳҳо идома дорад.

Ин иқдоми наҷиб бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода