Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Раъду барқи шадид дар сарҳади Фаронса ва Швейтсария бо харобиҳои назаррас ба анҷом расиданд

Бар асари раъду барқ, ки аз минтақаҳои сарҳадии Фаронса ва Швейтсария гузаштанд, як нафар ҳалок ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews хабар медиҳад.

Раъду барқи шадид дар минтақаи Юра (Швейтсария) бо харобиҳои зиёд  анҷом ёфт. Дар шаҳри Ла-Шо-де-Фонд дар кантони Нойшател як нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи полис, сабаби марг афтидани крани сохтмонӣ будааст. Даҳҳо нафар осебдидагон ба хадамоти ёрии таъҷилӣ муроҷиат карданд.

Сардори шуъбаи идоракунӣ Жан Даниэл Жаннере онро «рӯзи сиёҳ дар таърихи Ла Шо-де-Фон»  номид. Обуҳавошиносон тахмин намудаанд, ки чӣ метавонад ба чунин харобиҳо оварда расонад. Тибқи иттилои Meteo Suisse, ин ё гирдбод ё тундбод — ҳаракати пурқуввати кӯтоҳмуддат аз поён ба самти ҳаво ҳангоми раъду барқ мебошад.

Дар Фаронса дар минтақаи наздисарҳадии О — Ду ҳангоми гузаштани  ин ҷабҳаи тӯфонӣ тақрибан садҳо хонаҳо осеб дида, яке аз онҳо қисман вайрон шудааст. Ба гуфтаи соҳибон, ин ҳодиса дар тӯли якчанд дақиқа рух дод: дар пеши назари онҳо шамол бомро бардошта, бурд ва  деворҳо фурӯ рехтанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Euronews