Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон мавриди музокирот қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ Тосихиро Аикиро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.

Ҷонибҳо манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф, сохтмони роҳу пулҳо, рақамикунонии самти обу корезӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе