Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ-2022» ДАР ОҚСӮ. Зимни ташаббуси экологӣ беш аз 1 км соҳили дарё тоза карда шуд

Зимни баргузории ташаббуси экологии «Тозагии соҳил-2022» беш аз 1 км соҳили дарёи Оқсӯ ва маркази ноҳияи Мурғоб аз партовҳо тоза гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёю кӯлҳо, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллию давлатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, дар маҷмӯъ риояи тозагӣ дар маҳалҳо гузаронида шуд.

Дар он беш аз 150 нафар кормандони касбу кори гуногун, сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» партовҳои аз соҳили дарёи Оқсӯ ва кӯчаҳои ноҳия ҷамъоварда ба партовгоҳи марказӣ интиқол дода шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон