Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд

«Ховар»/. Аз нуқтаи назари таърихи башарӣ ва ватанӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шаҳодатдиҳандаи бисёр ҳаводиси таърихӣ мебошанд, ки дар олами илм ва талқини муҳимтарин паҳлуҳои таърих назир надоранд. Яке аз муҳимтарин саҳифаи таърихи аҷдодони халқи тоҷик – ин замони мавҷудияти маданияти суғдӣ мебошад, ки ранго-рангӣ ва омезиши фарҳангии он аз ҳунари воло, заковату сарватманӣ, ҳунари тиҷорат, озодандешиву ҷаҳонбинии мардуми Суғди бостон шаҳодат медиҳад.

Ёдгориҳои болооби водии Зарафшон аз лиҳози илмӣ ва фарҳангӣ дар масири ёдгориҳои башарӣ ҷойгоҳи махсуси худро доранд ва дар ҳалли муҳимтарин масолии таърихи минтақа нақши баланди илмӣ доранд.

17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд,  ёдгориҳои Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, низоми обёрии Тухсанкорез, қалъаи Тали Хамтуда, Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро (аз атрофи шаҳру деҳоти Панҷакент), Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Кум, ёдгории Гардани Ҳисор (аз н. Айнӣ) ва ёдгории шаҳраки Ҳисорак аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба Феҳрести мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шуданд, ки ин дастоварди муҳими фарҳангии ҷумҳурӣ мебошад.

Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни Суғд меравад, пеш аз ҳама, пеши чашм ва дар афкори муаррихону коршиносон ҳуҷҷатҳои суғдии аз Қалъаи Кӯҳи Муғ пайдогардида чун хуршеди саҳар падид мегарданду донишҳои тангу тираи моро оид ба таъриху маданияти Суғд ва суғдиён равшантар мекунанд. Зеро ёдгории мазкур барои кашфи якчанд ёдгории дигар заминаи илмӣ фароҳам оварда буд. 

Тавсифи ёдгорӣ 

Қалъаи Кӯҳи Муғ алъaи Муғ, ё Калъaи кӯҳи Муғ) дар баландие, ки миёни сокинони маҳаллӣ бо номи Кӯҳи Муғ, дар соҳилҳои чапи дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум, тақрибан дар масофаи 2 км шарқтар аз деҳаи Хайробод, 15 км ғарбтар аз маркази ноҳияи Айнӣ (дар даврони кашфи ёдгорӣ ноҳияи Заҳматобод) ва 80 км шарқтар аз Панҷакент, рӯ ба рӯи мавзеи машҳур барои сафариёни роҳи Панҷакент-Айнӣ «Оби Тоғмат», дар баландии 1411 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Кӯҳи Муғро аз се тараф дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум иҳота кардаанд ва худи Қалъа аз се тараф тавассути нишебиҳо муҳофизат карда мешуд. Танҳо аз самти ҷануб ба сӯи кӯҳи Муғ дастрасӣ пайдо мешавад, ки ҳамон ҳам бо роҳҳои хатарноку душворгузари кӯҳӣ аст.

Тарҳи бинои қалъа росткунча буда, он аз панҷ ҳуҷра ва як даҳлез иборат аст, ки дар умум 18,5х19,5 м андоза дорад. Даромадгоҳи асосӣ ба ҳалқа аз самти шимол бунёд ёфта буд. Қалъа ҳамчун қалъаи Абаргар низ дар як манбаи арабӣ сабт шудааст (Ат-Табар), ки ҳамчун охирин паноҳгоҳи Деваштич (Dēwāštič), ҳокими Панҷакент ва шоҳи Суғд дониста мешавад. Қалъаи начандон калон бо чаҳор ҳуҷраи равоқпӯши дароз ва даҳлези пайвасткунанди ин ҳуҷраҳо бунёд ёфта, эҳтимол аз ду ошёна иборат буд ва ба ошёнаҳои болои тариқи зинапояҳо мебаромаданд. Деворҳои берунии он аз 1 м то 2 м ғасфӣ доранд.

Таърихи кашфиёт

Баҳори соли 1932 сокини деҳаи Хайрободи ноҳия Заҳматобод (имрӯза ноҳияи Айнӣ) Ҷураалӣ Муҳаммадалӣ дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ дастхатеро дарёб менамояд, ки он бо як забони барои ӯ нофаҳмо навишта шуда буд. Чанд моҳ дастхат аз даст ба дасти сокинони деҳаҳо атроф мегузашт, вале касе намедонист, ки онҷо чи мактубе навишта шудааст. Ниҳоят, дастхат ба дасти раиси онвақтаи ноҳияи Заҳматобод Абдулҳамид Пулодӣ мерасад, ки маҳз бо ташаббуси он шахс ин нусха дарҳол ба Сталинобод (Душанбе) ва баъдан ба Ленинград (Санкт-Петербург) фиристода мешавад. Пас аз муайян гардидан, ки дастхат ба хати суғдӣ навишта шудааст, моҳи майи соли 1933 А. Пулодӣ ва баъдан моҳи ноябри ҳамон сол ҳайати таҳқиқгарон бо роҳбарии шарқшинос А.А. Фрейман  барои омӯзиш ба қалъа меоянд ва соли 1946 низ гурӯҳи бостоншиносон ба ёдгорӣ омада, онро дубора андозагирӣ менамоянд. Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1933 аз Қалъаи Кӯҳи Муғ 75 дастхати суғдӣ, як дастхати бо забони арабӣ, як дастхати туркии қадима (дар яке аз ҳуҷатҳо бо хитоӣ навишта шуда буд, ки он бо дастхатҳои мазкур алоқамандӣ надошта, аз ҷониби суғдиҳо ҳамчун маводи сиёҳнавис истифода шудааст) пайдо гардидаанд, ки ҳоло дар филиали Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешавад. Ғайр аз бойгонӣ, инчунин зиёда аз 400 маводи маданияти моддӣ ва чанд сикка пайдо гардиданд, ки ҳоло дар осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ҳифз шудаанд. Мундариҷаи ҳуҷҷатҳоро аслан матнҳои ҳуқуқӣ, хоҷагидорӣ, муошират, муроҷиат ва мукотиботи дипломатия ташкил медиҳанд.

Аҳамияти ёдгорӣ

Аҳамияти ёдгории мазкур аз он иборат аст, ки он дар сарчашмаи кашфиёти минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтаи водии Зарафшон меистад. Қалъаи Кӯҳи Муғ аз муҳимтарин рӯйдодҳои охири асри 7 ва ибтидои асри 8, ҳуҷуми аҷнабиёни ба сарзамини Суғд, шаҳрдориву хоҷагидорӣ, расму русими оиладор, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра шаҳодат медиҳад. Ба шарофати таҳлил ва хониши ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ ба олимон муяссар шуд, ки таърихи сиёсии Осиёи Марказии он замонро то ҳадди имкон барқарор кунанд.

Тавре ки аллакай мо изҳор намудем, дар ин ҷо дар нитиҷаи ҳафриёт зиёда аз 400 бозёфти дигири маданияти моддӣ, аз ҷумла бозёфтҳои гуногуни чӯбин, нуҳ намуди матоъи шоҳӣ, маснуоти фулузӣ, маснуоти чармӣ, сабадҳои бофташуда, пораҳои лавозимоти ҷангӣ, зарфҳои сафолӣ ва ғайра пайдо гардиданд.

Бозёфтҳои бостоние, ки аз Қалъаи Кӯҳи Муғ пайдо гардиданд, чи дар ҳалли масоили умумии таърихи Осиёи Марказӣ ва чи дар ҳалли масоили гуногуни ҳудуди Суғд васеъ истифода мешавад, то имкон диҳанд ҷараёни таърихии тоисломии минтақа, махсусан манзараи суғдзамини асримиёнагӣ ва истилои он аз ҷониби арабҳо боз ҳам равшантар аён гардад. Чаҳорчӯбаи номуайяни манзараи тираи маданияти суғдӣ, ба туфайли бозёфтҳо ва махсусан дастхатҳои суғдӣ боз ҳам барои шарқшиносону таърихнигорон масири нави илмиро фароҳам овард, топонимикаи (номгузорӣ) суғдӣ ва маҳаллаҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ ва талқин қарор гирифт. Маслан,  ҳамагон аз деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ хабар дорем. Шояд хабарамон нест, ки он 1300 сол муқаддам бо номи Матрушкат дар яке аз дастхатҳои Суғдӣ (тақрибан соли 716 мелодӣ) сабт шудааст. Ҷолибии ҳодиса дар он аст, ки дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар муқобили Деҳаи Мадрушкати имрӯза ёдгории беназири дигар, бо номи Қалъаи Ҳисорак ҷойгир аст ва тайи солҳои охир (аз соли 2008) мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву рус қарор гирифтааст. Дар ёдгории мазкур низ бозёфтҳо асрҳои 7-9 мелодӣ, бахусус дастхатҳои суғдӣ пайдо гардиданд, ки андешаи ба Матрушкати асримиёнагӣ мутааллиқ будани онро мустаҳкам менамоянд. Ин буд як мисоле аз робитаи дастхатҳои суғдии Қалъаи Кӯҳи Муғ бо номгузории баъзе аз рустоқҳои Суғди асримиёнагӣ. Дастхатҳои суғдӣ аз мавҷудияти шаҳри асрмиёнагии барвақтаи Панҷакент низ шаҳодат дода буданд. «Бори аввал мо бо номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, дучор меоем», – менависад шарқшиноси рус, яке аз таълифгарони матнҳои суғдӣ Олга Ивановна Смирнова. Асноди дастхатҳои Кӯҳи Муғ имкон медиҳанд, ки инчунин якчанд масоили ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Кӯҳистони Суғдро дар асрҳои 7-8 таҳлилу талқин намоем.

Масоили ҳифзи ёдгорӣ

Нодирияти ин ёдгорӣ ва муҳимияти бузургии илмии он аллакай ганҷинаи нотакрор будани ин ёдгории мероси таърихию фарҳангиро муайян менамояд. Вале масъалаи ҳифз ва нигоҳдошти он, ҳолати кунунии он, муарифии он ба доираи васеи ҷомеа хеле ташвишовар аст.

Чуноне, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад барои ҳифзи таблиғи ёдгории бостоншиносӣ, пеш аз ҳама, бояд якчанд тадбир андешида, чорабиниҳоро оид ба барқарорнамоӣ ва ҳифзу истифодаи ёдгории мероси таърихию фарҳангӣ  ба роҳ монд.

Мувофиқи андеша ва таҷрибаи олимони хориҷӣ, яке аз роҳҳои наҷоти ёдгории бостоншиносӣ аз хавфи нобудшавӣ – ин ба «осорхона дар ҳавои кушод» табдил додани ёдгорӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳалли ҳамаҷонибаи масоили ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ дар ҳолати имконпазир аст, ки агар ёдгориро ҳамчун як унсури ҷудонашавандаи ҳаёти фарҳанги ҷомеаи муосир пазируфт ва онро дар байни қишрҳои ҷомеаи муосир дар асоси асноди бостоншиносӣ талқин намуд.

Барои ҳалли масъалаи ҳафз, нигоҳдошт ва истифодаи Қалъаи Кӯҳи Муғ дар шароити муосир бояд ақаллан дар ноҳияи Айнӣ системаи ягонаи ҳифзи ёдгориҳоро мустаҳкам намуд; ҳамасола барои ҳифз, нигоҳдошт ва барқарорсозӣ чораҳо андешидан; ёдгориро дар якҷоягӣ бо дигар ёдгориҳои бостонии атроф ба сокинон, пеш аз ҳама, ноҳия ва ҷумҳурӣ тарғиб ва талқин намуд.

Оё ёдгориҳои бостоншиносии Қаъаи Кум ва Гардани Ҳисор метавонанд якҷоя бо ёдгории Қалъаи Кӯҳи Муғ як маҷмаи таърихӣ ва фарҳангиро ташкил диҳанд? Бале! Ба тадқиқоти соҳавии муаллифони муосир ва таҷрибаи нигоҳдошти ёдгориҳои бостонии мо метавон дар аввал чунин пешниҳод намуд: Муаррифии якчанд ёдгории ҳамасру ҳамҷавори дар ҳамсоягӣ мавҷудбуда. Масалан, ёдгории асримиёнагии Кум, ки бо деворҳои баланд ва ҳуҷраҳои равоқпӯш ҳашамат ва намуди таърихии хубро метавонад пайдо намояд ва ёдгории Гардани Ҳисор дар якҷоягӣ бо Қаъаи Кӯҳи Муғ метавонанд як маҷмаи хуби сайёҳиро ташкил диҳанду аз гуногуншаклии ёдгориҳои асрмиёнагии минтақаи кӯҳистони асрҳои 7-8 шаҳодат диҳанд. Сайри ин ёдгориҳо дар якҷоягӣ метавонад таассуроти сайёҳону меҳмононро дучанд карда, ҳаводиси ибтидои асри 8-и мелодиро пеши назар оваранд; таъмини бехатарии ёдгорӣ ва ҳифзи он аз таъсири анропогенӣ ва табиӣ. Пеш аз ҳама, коркард ва лоиҳаи маҷмаавии тармиму ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ; таъмини дастрасии ёдгори барои ташрифи ё тамошои ҷомеаи васеи сайёҳон; таъмини иншоот ва дастгоҳҳои иловагӣ, ба монанди муаррифиномаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ, махсусан дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент дар назди мавзеи «Оби Тоғмат».

Мавқеи ҷойгиршавии чашма ва мавзеи «Оби Тоғмат» дар доманаи қаторкӯҳи Туркистон ва ҷойгиршавии худи ёдгорӣ дар манзараи зебои доманаи қаторкӯҳи Зарафшон метавонад як мавзеи фарҳангиву фароғатӣ ва сайёҳӣ бошад. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзу истифодаи самараноки ин ёдгорӣ метавонад, чӣ дар рушди туризми бостоншиносӣ ва чӣ дар рушди туризми кӯҳӣ мусоидат намояд. Афзалияти ин ёдгорӣ имкон медиҳад,то мо бо боварии комил иброз дошта бошем, ки ҳифзу истифодаи ин ёдгории таърихии мамлакат на танҳо барои ҷалби сайёҳон, балки барои олами илм низ муҳим аст.  

Абдураҳмон ПӮЛОТОВ,
ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон     

АКС: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва аз бойгонии бостоншинос Павел Луре


Football news:

<!DOCTYPE html>
Kane on Tuchel: A wonderful man, full of ideas. Thomas in person says what he thinks
Zarema about Kuziaev's 350,000 euros a year in Le Havre: Translate it into rubles - it's not that little. It is commendable that he left
Aleksandr Mostovoy on Wendel: Two months of walking around in the middle of nowhere and then coming back and dragging the team - that's top level
Sheffield United have bought Euro U21 champion Archer from Aston Villa for £18.5million
Alexander Medvedev on SKA: Without Gazprom, there would be no Zenit titles. There is a winning wave in the city. The next victory in the Gagarin Cup will be in the spring
Smolnikov ended his career at the age of 35. He became the Russian champion three times with Zenit

11:20 В Вахдате с участием президента открылся новый корпус медицинского колледжа
6:17 В Самарканде прошла первая министерская встреча стран Центральной Азии и США
5:42 «Истиклол» уступил «Персеполису» в третьем туре Лиги АФК-2023
10:56 Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд
10:17 Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»
9:48 Хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 2026,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд
9:35 ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро иҷро намуд
9:09 «СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО».Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад
8:55 Anurag Thakur lauds Asian Games contestants for adding more medals to India's tally
8:55 Asian Games: Boxer Jaismine's campaign ends in women's 60 kg quarterfinals
8:55 "Decision to shut down Afghan embassy is not because of India": Former Indian envoy
8:40 ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок менамояд
8:11 Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
7:02 Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»
6:23 «РОҒУН»-РО ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МЕСОЗАД! Зеро ин Кохи нур иқтидору тавоноии Тоҷикистонро баланд мебардорад
5:54 «КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад
5:15 Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд
4:46 ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад
4:27 Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»
3:59 1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст
0:55 Women activists protest in Germany against 'Gender Apartheid' in Afghanistan
0:55 Pakistan: "Imran Khan being mentally tortured in Adiala jail," alleged lawyer
20:27 Afghan Embassy in India closes operations, calls Taliban "illegitimate regime"
19:55 Pakistan: FIA submits challan oin cipher case against Imran Khan, Shah Mahmood Qureshi
19:35 Surge in Terrorism Kills More Than 700 Pakistanis
16:05 Medal table of Hangzhou Asiad on September 30
15:37 UN to send mission to Nagorno-Karabakh as 80 per cent population displaced
12:28 Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
11:49 Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид
11:44 Chinese paddlers sail into canoe sprint final at Hangzhou Asiad
11:06 Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
10:36 МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард
10:15 Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд
10:01 Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид
9:24 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад
8:53 Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
8:36 Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
8:13 Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ рафт
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд
7:22 Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
6:55 Asian Games: Preeti assured of medal, clinches Paris Olympics quota following win in QFs
6:46 Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
6:34 Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд
6:09 Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»
5:49 Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
5:37 «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
5:31 Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»
5:23 Ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5:05 Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
5:05 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
4:15 БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО. Забони тоҷикӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шаҳомат ва таҷаллии баланд дорад
3:47 Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид
3:23 Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд
3:10 АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2023 аст
1:55 Russia: Putin meets former Wagner commander Andrey Troshev, orders forming units for combat missions
21:30 UN to send mission to Nagorno-Karabakh: spokesman
18:14 Germany believes Russian ally 'supports West
18:14 US using Ukraine conflict to train troops Defence One
18:06 Suicide Bombings, Militant Raid Kill 62 in Pakistan
16:15 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
15:20 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд
14:45 Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия
14:27 Crackdown on Afghan residents in Pakistan triggers alarm
14:00 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд
12:41 Президенти мамлакат: «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад»
12:22 ИМКОНИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт ҳамоиши сармоягузорон доир гардид
11:59 Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид
11:27 Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:27 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
11:21 НАМУНАИ ИБРАТ! Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд
11:16 Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:10 «Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд
11:00 Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд
10:52 Дар Женева бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
10:49 На волне будущего: ZET-MOBILE и HUAWEI представили сервис нового поколения 5G на «ЭКСПО Центральная Азия 2023»
10:33 Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»
10:19 БА МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН 31 СОЛ ПУР ШУД. Ҳар ду давлат дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ имконияти васеи рушд доранд
10:14 Представители более 30 стран принимают участие в Международном  форуме «Душанбе Инвест – 2023»
10:08 Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд
9:44 Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
9:37 Asian Games: Parveen Hooda punches her way into women's 57kg quarters
9:24 БАРАКАТИ «ДУОИ МОДАР». Дар Қасри Арбоб ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир шуд
9:11 Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»
9:08 Deadly blast rips religious gathering in Pakistan, dozens killed
8:46 Военная делегация Таджикистана прибыла в Тулу для участия в заседании Совета министров обороны стран СНГ
8:45 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд
8:31 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд
8:25 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
8:17 10 октябр Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
7:00 Байни Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид
7:00 Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатарро барои мувофиқа пешниҳод намуданд
6:55 Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад
6:52 Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
6:21 29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд
5:55 Retired Kabul University professor sells clothes on streets to survive amid unpaid pensions
5:28 «DUSHANBE INVEST 2023». Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид
5:21 Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ шуд