1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеа ба мушкилоти пиронсолон, ки аз рӯи таҳлилҳо шумораи онҳо дар сохтори умумии аҳолии кураи Замин тамоюли зиёдшавӣ дорад, ҷиҳати мусоидат ба некуаҳволии насли калонсол Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1990 қатъномае қабул намудааст, ки тибқи он 1 октябр Рӯзи байналмилали пиронсолон эълон карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” шуруъ аз 2 январи соли 2018 1 октябр ҳамчун Рӯзи пиронсолон расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид гардид.

Таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб шуда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.  Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардидааст, якчанд чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати  хизматрасонии иҷтимоӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонида, ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то 1 августи соли 2023 теъдоди умумии нафақагирон 771985 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола ба ҳисоби миёна 3,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 372352 нафар ё 51,05 дарсад  нафақахӯроне мебошанд, ки нафақаи пиронсолӣ, аз ҷумла нафақаи меҳнатии пиронсолӣ, нафақаи суғуртавии пиронсолӣ ва нафақаи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.

Яке аз сабабҳои  афзоиши  насли калонсоли мамлакат ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо вобастагӣ дорад. Далели дигари ин матлаб иттилои масъулини Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  аст, ки мегӯянд, дар чанд соли охир теъдоди асосии истироҳаткунандагони осоишгоҳҳои ҷумҳуриро насли калонсол- шахсони аз 60-сола боло ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон, ки дорои ҷомеаи суннатӣ аст, ба ҷо овардани эҳтироми пиронсолон, пеш аз ҳама, қадрдонии волидайн, дар айёми пирӣ парасторӣ намудани  онҳо аз ҳислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки  инсонӣ  маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии пиронсолон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ чун пойгоҳи қонунгузории дахлдор ва таъминкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони куҳансол якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардида, имрӯз бо маром амалӣ шуда истодаанд. «Тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолонро таҳия намуда, то 1 октябри соли равон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ манзур намояд. Қабули Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишуда ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии пиронсолон фаолияти мавҷуда идома ёфта, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Мо бо боварии комил метавонем бигӯем, ки давомнокии умри миёна дар Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои пешин афзоиш ёфта истодааст, ки ин аз беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ шаҳодат медиҳад»,-баён дошт мутахассис.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 давомнокии интизории умр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таваллуд 75,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 73,5 сол ва барои занҳо – 76,8 солро ташкил медиҳад. Ҳамзамон давомнокии интизории умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 дарсад зиёд буда, 76,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 74,6 сол ва барои занҳо – 77,7 солро ташкил медиҳад. Дар баробари афзоиши шумораи аҳолии синну соли корӣ шаҳрвандони синни калонсоли қобили меҳнат низ мунтазам меафзоянд ва ин нишондиҳанда дар панҷ соли охир 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон, шахсони яккаву танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.  Дар  яке аз  суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид  намудаанд, ки «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».

Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат аст,  ки дар   Тоҷикистон   дар самти  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои пиронсолон заминаҳои  ҳуқуқӣ  фароҳам  оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34–и Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омадааст: «Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».

Ин меъёр  дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  пешбинӣ шудааст. Тавре дар боби 3-и моддаи 10 қонуни масъулияти падару модар, ки «уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобилияти меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар» ном гирифтааст, омадааст:

  1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
  2. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳамзамон дар моддаҳои 88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки  «агар  падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти  моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон таъйиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда ва баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд».

Қудратулло Қурбонзода иброз намуд, ки яке аз дигар шаклҳои дастгирии пиронсолон- ин пешниҳоди хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ба иттилои ӯ, дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмуъ шабакаи махсуси ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал менамоянд, ки аксарияти онҳо бевосита ба пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон машғул мебошанд. «Давоми 9 моҳи соли 2023 дар муассисаҳои статсионарии соҳа қариб 400 нафар ба нигоҳубини пурраи давлатӣ фаро гирифта шуда, ҳамарӯза кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои хизматрасонии будубоши рӯзона ба қариб 2000 нафар пиронсолон, ки 1166 нафарашон шахсони яккаву танҳои барҷомондаанд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешаванд. Ҳамзамон дар мавсими соли равон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа зиёда аз 1000  нафар пиронсолон ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифта шуданд»,-афзуд мавсуф.

Тибқи махзани иттилоотии АСИСТ (кумакҳои унвонии иҷтимоӣ) соли равон ба 4268  нафар пиронсолони яккаву танҳо кумакпулӣ таъйин гардида, дар ҳайати оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт мешавад, 61 773 нафар нафақахӯрони аз 65 – сола боло зиндагӣ менамоянд, ки онҳо аз кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархӯрдор мебошанд. Ва мувофиқи қонунгузории соҳавӣ ба оилаҳои камбизоат, хусусан шахсони синну солашон аз  80-сола боло хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳар сурат дар байни мардум тоҷик як зарбулмасали хубе роиҷ аст, ки мегӯянд: «Бе пир марав, ки дар бимонӣ». Воқеан ҳам шахсони калонсол нафароне мебошанд, ки пастиву баландиҳо, ғалтидану бархостанҳо ва бурду бохти зиндагиро озмудаву дар худ санҷидаанд. Ҳар як сухане, ки онҳо мегӯян, яқин аст, ки аз рӯи дидаҳову таҷрибаҳояшон аст. Пас, то ҳадди тавон мебояд ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо орему маслиҳатҳояшонро нодида нагирем. Хушбахт он хонадоне, ки дар он пирон умр ба сар бурда, гули сари сабади оилаҳо мебошанд. Чун ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳояшон нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст!

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз


Football news:

<!DOCTYPE html>
Kane on Tuchel: A wonderful man, full of ideas. Thomas in person says what he thinks
Zarema about Kuziaev's 350,000 euros a year in Le Havre: Translate it into rubles - it's not that little. It is commendable that he left
Aleksandr Mostovoy on Wendel: Two months of walking around in the middle of nowhere and then coming back and dragging the team - that's top level
Sheffield United have bought Euro U21 champion Archer from Aston Villa for £18.5million
Alexander Medvedev on SKA: Without Gazprom, there would be no Zenit titles. There is a winning wave in the city. The next victory in the Gagarin Cup will be in the spring
Smolnikov ended his career at the age of 35. He became the Russian champion three times with Zenit

11:20 В Вахдате с участием президента открылся новый корпус медицинского колледжа
6:17 В Самарканде прошла первая министерская встреча стран Центральной Азии и США
5:42 «Истиклол» уступил «Персеполису» в третьем туре Лиги АФК-2023
10:56 Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд
10:17 Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»
9:48 Хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 2026,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд
9:35 ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро иҷро намуд
9:09 «СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО».Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад
8:55 Anurag Thakur lauds Asian Games contestants for adding more medals to India's tally
8:55 Asian Games: Boxer Jaismine's campaign ends in women's 60 kg quarterfinals
8:55 "Decision to shut down Afghan embassy is not because of India": Former Indian envoy
8:40 ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок менамояд
8:11 Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
7:02 Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»
6:23 «РОҒУН»-РО ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МЕСОЗАД! Зеро ин Кохи нур иқтидору тавоноии Тоҷикистонро баланд мебардорад
5:54 «КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад
5:15 Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд
4:46 ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад
4:27 Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»
3:59 1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст
0:55 Women activists protest in Germany against 'Gender Apartheid' in Afghanistan
0:55 Pakistan: "Imran Khan being mentally tortured in Adiala jail," alleged lawyer
20:27 Afghan Embassy in India closes operations, calls Taliban "illegitimate regime"
19:55 Pakistan: FIA submits challan oin cipher case against Imran Khan, Shah Mahmood Qureshi
19:35 Surge in Terrorism Kills More Than 700 Pakistanis
16:05 Medal table of Hangzhou Asiad on September 30
15:37 UN to send mission to Nagorno-Karabakh as 80 per cent population displaced
12:28 Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
11:49 Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид
11:44 Chinese paddlers sail into canoe sprint final at Hangzhou Asiad
11:06 Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
10:36 МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард
10:15 Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд
10:01 Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид
9:24 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад
8:53 Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
8:36 Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
8:13 Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ рафт
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд
7:22 Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
6:55 Asian Games: Preeti assured of medal, clinches Paris Olympics quota following win in QFs
6:46 Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
6:34 Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд
6:09 Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»
5:49 Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
5:37 «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
5:31 Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»
5:23 Ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5:05 Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
5:05 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
4:15 БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО. Забони тоҷикӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шаҳомат ва таҷаллии баланд дорад
3:47 Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид
3:23 Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд
3:10 АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2023 аст
1:55 Russia: Putin meets former Wagner commander Andrey Troshev, orders forming units for combat missions
21:30 UN to send mission to Nagorno-Karabakh: spokesman
18:14 Germany believes Russian ally 'supports West
18:14 US using Ukraine conflict to train troops Defence One
18:06 Suicide Bombings, Militant Raid Kill 62 in Pakistan
16:15 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
15:20 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд
14:45 Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия
14:27 Crackdown on Afghan residents in Pakistan triggers alarm
14:00 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд
12:41 Президенти мамлакат: «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад»
12:22 ИМКОНИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт ҳамоиши сармоягузорон доир гардид
11:59 Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид
11:27 Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:27 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
11:21 НАМУНАИ ИБРАТ! Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд
11:16 Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:10 «Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд
11:00 Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд
10:52 Дар Женева бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
10:49 На волне будущего: ZET-MOBILE и HUAWEI представили сервис нового поколения 5G на «ЭКСПО Центральная Азия 2023»
10:33 Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»
10:19 БА МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН 31 СОЛ ПУР ШУД. Ҳар ду давлат дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ имконияти васеи рушд доранд
10:14 Представители более 30 стран принимают участие в Международном  форуме «Душанбе Инвест – 2023»
10:08 Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд
9:44 Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
9:37 Asian Games: Parveen Hooda punches her way into women's 57kg quarters
9:24 БАРАКАТИ «ДУОИ МОДАР». Дар Қасри Арбоб ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир шуд
9:11 Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»
9:08 Deadly blast rips religious gathering in Pakistan, dozens killed
8:46 Военная делегация Таджикистана прибыла в Тулу для участия в заседании Совета министров обороны стран СНГ
8:45 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд
8:31 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд
8:25 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
8:17 10 октябр Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
7:00 Байни Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид
7:00 Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатарро барои мувофиқа пешниҳод намуданд
6:55 Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад
6:52 Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
6:21 29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд
5:55 Retired Kabul University professor sells clothes on streets to survive amid unpaid pensions
5:28 «DUSHANBE INVEST 2023». Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид
5:21 Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ шуд