Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеа ба мушкилоти пиронсолон, ки аз рӯи таҳлилҳо шумораи онҳо дар сохтори умумии аҳолии кураи Замин тамоюли зиёдшавӣ дорад, ҷиҳати мусоидат ба некуаҳволии насли калонсол Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1990 қатъномае қабул намудааст, ки тибқи он 1 октябр Рӯзи байналмилали пиронсолон эълон карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” шуруъ аз 2 январи соли 2018 1 октябр ҳамчун Рӯзи пиронсолон расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид гардид.

Таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалияти сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб шуда, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.  Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 тасдиқ гардидааст, якчанд чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати  хизматрасонии иҷтимоӣ, пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонида, ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурӯҳи шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, то 1 августи соли 2023 теъдоди умумии нафақагирон 771985 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола ба ҳисоби миёна 3,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 372352 нафар ё 51,05 дарсад  нафақахӯроне мебошанд, ки нафақаи пиронсолӣ, аз ҷумла нафақаи меҳнатии пиронсолӣ, нафақаи суғуртавии пиронсолӣ ва нафақаи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.

Яке аз сабабҳои  афзоиши  насли калонсоли мамлакат ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо вобастагӣ дорад. Далели дигари ин матлаб иттилои масъулини Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  аст, ки мегӯянд, дар чанд соли охир теъдоди асосии истироҳаткунандагони осоишгоҳҳои ҷумҳуриро насли калонсол- шахсони аз 60-сола боло ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон, ки дорои ҷомеаи суннатӣ аст, ба ҷо овардани эҳтироми пиронсолон, пеш аз ҳама, қадрдонии волидайн, дар айёми пирӣ парасторӣ намудани  онҳо аз ҳислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки  инсонӣ  маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии пиронсолон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ чун пойгоҳи қонунгузории дахлдор ва таъминкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони куҳансол якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардида, имрӯз бо маром амалӣ шуда истодаанд. «Тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолонро таҳия намуда, то 1 октябри соли равон барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ манзур намояд. Қабули Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишуда ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некӯаҳволии пиронсолон фаолияти мавҷуда идома ёфта, тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Мо бо боварии комил метавонем бигӯем, ки давомнокии умри миёна дар Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои пешин афзоиш ёфта истодааст, ки ин аз беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ шаҳодат медиҳад»,-баён дошт мутахассис.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 давомнокии интизории умр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таваллуд 75,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 73,5 сол ва барои занҳо – 76,8 солро ташкил медиҳад. Ҳамзамон давомнокии интизории умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 дарсад зиёд буда, 76,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 74,6 сол ва барои занҳо – 77,7 солро ташкил медиҳад. Дар баробари афзоиши шумораи аҳолии синну соли корӣ шаҳрвандони синни калонсоли қобили меҳнат низ мунтазам меафзоянд ва ин нишондиҳанда дар панҷ соли охир 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон, шахсони яккаву танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.  Дар  яке аз  суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид  намудаанд, ки «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».

Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат аст,  ки дар   Тоҷикистон   дар самти  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои пиронсолон заминаҳои  ҳуқуқӣ  фароҳам  оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34–и Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  омадааст: «Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».

Ин меъёр  дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  пешбинӣ шудааст. Тавре дар боби 3-и моддаи 10 қонуни масъулияти падару модар, ки «уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобилияти меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар» ном гирифтааст, омадааст:

  1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
  2. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳамзамон дар моддаҳои 88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки  «агар  падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти  моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон таъйиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда ва баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд».

Қудратулло Қурбонзода иброз намуд, ки яке аз дигар шаклҳои дастгирии пиронсолон- ин пешниҳоди хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ба иттилои ӯ, дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмуъ шабакаи махсуси ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал менамоянд, ки аксарияти онҳо бевосита ба пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон машғул мебошанд. «Давоми 9 моҳи соли 2023 дар муассисаҳои статсионарии соҳа қариб 400 нафар ба нигоҳубини пурраи давлатӣ фаро гирифта шуда, ҳамарӯза кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои хизматрасонии будубоши рӯзона ба қариб 2000 нафар пиронсолон, ки 1166 нафарашон шахсони яккаву танҳои барҷомондаанд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешаванд. Ҳамзамон дар мавсими соли равон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа зиёда аз 1000  нафар пиронсолон ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифта шуданд»,-афзуд мавсуф.

Тибқи махзани иттилоотии АСИСТ (кумакҳои унвонии иҷтимоӣ) соли равон ба 4268  нафар пиронсолони яккаву танҳо кумакпулӣ таъйин гардида, дар ҳайати оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт мешавад, 61 773 нафар нафақахӯрони аз 65 – сола боло зиндагӣ менамоянд, ки онҳо аз кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархӯрдор мебошанд. Ва мувофиқи қонунгузории соҳавӣ ба оилаҳои камбизоат, хусусан шахсони синну солашон аз  80-сола боло хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳар сурат дар байни мардум тоҷик як зарбулмасали хубе роиҷ аст, ки мегӯянд: «Бе пир марав, ки дар бимонӣ». Воқеан ҳам шахсони калонсол нафароне мебошанд, ки пастиву баландиҳо, ғалтидану бархостанҳо ва бурду бохти зиндагиро озмудаву дар худ санҷидаанд. Ҳар як сухане, ки онҳо мегӯян, яқин аст, ки аз рӯи дидаҳову таҷрибаҳояшон аст. Пас, то ҳадди тавон мебояд ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо орему маслиҳатҳояшонро нодида нагирем. Хушбахт он хонадоне, ки дар он пирон умр ба сар бурда, гули сари сабади оилаҳо мебошанд. Чун ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳояшон нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст!

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз