БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО. Забони тоҷикӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шаҳомат ва таҷаллии баланд дорад

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 30 октябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эълон шудааст. Мавлоно  аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб,  дурахшонтарин чеҳраҳои  шеъру адаб ва илму адёни  ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ба муносибати бузургдошти Мавлоно дар зер андешаҳои доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар робита ба шукуҳу шаҳомат ва таҷаллии забони тоҷикӣ дар ашъори ин шоири бузург пешкаш мешавад.

— Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) бе муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳо аст, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад. Ҳамзамон он барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хизмат менамояд.

Худи Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва руҳи нав арзёбӣ намудааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.

Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.

Ба назар чунин мерасад, ки Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллӣ аст. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбубанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст.

Ибораи «забони маҳрамӣ» ба маънии забони ҳамдилӣ ва ягонагиву ваҳдат сохтаи табъи шакаррези Мавлоно аст. Вай ҳарчанд ҳамзабониро давлату сарват ва хешию пайвандӣ медонад, дар сурудаҳои худ забони маҳрамиро бар ҳамзабонӣ тарҷеҳ додааст:

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Вале боз ҳам василаи баёни забони маҳрамии Мавлоно ҳамин забони модарии ӯ аст, ки садову нидои дили инсонпарвари ӯро бар сари забонҳо андохта, ӯро ба ҷаҳону ҷаҳониён ва ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ӯ абадан пайванд додааст:

Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?
Фаҳм кардаст ин нидоро чӯбу санг.

Шаҳрҳои  бостонии Бухорову Самарқанд, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ «ду силсилаҷунбони маданияти тоҷикон» ба қалам додааст, барои мардуми мо ҳамеша азизу муътабар мебошанд ва дар ашъори мондагори Мавлоно низ бо беҳтарин сифатҳо тавсиф шудаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддин шаҳри Самарқандро «Самарқанди чу қанд» номидааст:

Набзи ӯ дар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.

Мавлоно Бухорои шарифро «манбаи дониш» ва мардуми онро аҳли илму дониш номида, ҷони саргардони ошиқро пайваста озими диёри ёри маҳбуб – Бухорои донишпарвар медонад:

Ин Бухоро манбаи дониш бувад,
Пас, бухороист, ҳар-к онаш бувад…
Гарчи дил чун санги хоро мекунад,
Ҷони ман азми Бухоро мекунад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки хуршеди ҷаҳонтоби ишқу иродат ва муҳаббату самимияти Мавлоно аз Қуния то Самарқанду Бухоро нурпошию шуълафишонӣ намудааст:

То зи Қуния битобад нури ишқ,
То Самарқанду Бухоро соате.

Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно асосан ду ҷанбаи муҳимми вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳар ду ҷанба дар ҳамбастагӣ ба осори ӯ шукуҳу азамат ва ҳамешагию ҷовидонӣ  бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забони тоҷикӣ дар тамоми давраи мавҷудияти он қарор додаанд. Он ду ҷанбаи муҳим инҳо мебошанд:

Якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд.

Дувум, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозию таркиббандии забони тоҷикӣ.

Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад ва чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.

Ибораҳои зебову дилпазири барои ҳар кадоми мо аз кӯдакӣ ошно, чун «ёри меҳрбон», «реги Ому», «оби Ҷайҳун»…, ки дар шеъри маъруфи устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, дар ашъори Мавлоно умри дубора ёфтаанд:

Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир.

Чунонки мебинем, тавсифи Мавлоно дар бобати азми Бухоро намудани ошиқи маҳҷур бо ҳамон шеъри устод Рӯдакӣ ва аз Бодғис осемасар рӯй ба Бухоро ниҳодани амири сомонӣ — Насри писари Аҳмад (914-943) на танҳо шабоҳати зоҳирӣ, балки пайванди амиқи ботинӣ дорад.

Табъи Мавлоно Ҷалолиддин дар интихоби вожаҳои асили тоҷикӣ ниҳоят салим аст. Масалан, вожаҳои зебову гӯшнавоз, назири «користон», «шоҳроҳ», «шишадил», ки дар осори ниёгони мо пештар аз Мавлоно дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба назар мерасанд, дар сурудаҳои ӯ бо рангу тобиши тоза ҷилва намуда, минбаъд дар осори бузургони дигар доираи корбурди бештар пайдо кардаанд. Мавлоно вожаи хушандоми «користон»-ро ба маънии кору амали бузурги шигифтангез  бештар ба маънии ҳикояту саргузашт кор бастааст:

Чи користон, ки дорӣ андар ин дил,
Чи бутҳо менигорӣ андар ин дил.

Ё вожаи «шоҳроҳ» дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ба маънии маъруфи имрӯзаи роҳи васеи ом ба кор рафтааст:

Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ.

Аз вожаҳои дар боло ёдшуда вожаи «шишадил» дар сурудаҳои Мавлоно маҷозан ба маънии нозукдил ва нозукмизоҷ истифода шудааст:

Ту чӣ донӣ завқи сабр, эй шишадил,
Хоса сабр аз баҳри он нақши Чигил.

Бояд сареҳан таъкид намуд, ки дар ашъори Мавлоно калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ, аз қабили «базӯр», яъне бо азобу машаққат («То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр»), «бемалол» («Мекунад такрори гуфтан бемалол), «беморпурс» («Зи ранҷурӣ чу дилшодам, ки ту беморпурс ойӣ»), «берӯзӣ» ба маънии бечораву бенаво («Ҳар  кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд»), «бозорча» («Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст»), «вақту бевақт» («Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ!»), «гавора» — шакли гуфтугӯйии гоҳвора («Дар гавора шир бар тифлон фишонд»), «ганда» ба маънии бад, муқобили нағз («Бар мисоли анкабут он зиштхӯ,/ Пардаҳои гандаро барбофад ӯ»), «гоҷ», яъне аблаҳу нодон («Аждаҳо як луқма кард он гоҷро»), «даркор» («Хокпошии ду олам пеши мо даркор нест»), «деглес» ба маънии пасту фурӯмоя («Рав ба пеши косалес, эй деглес»), «дина», яъне дирӯз («Имрӯз беҳ аз дина, эй мӯниси дерина»), «додар» ба маънии бародари хурд («Додари он тоҷи шайхислом буд»), «домод» («Домоди хубон мешавӣ, эй хуби шаҳророи мо»), «калла», яъне сар («Аз ғубор ар пок дорӣ калларо»), «кампир», яъне пиразан («Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,/ Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд»),  «санбӯса» («Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову санбӯса»), «хавотир» («Хавотир раҳбаронанду чу раҳбар мар туро бор аст»), «хатнасур» («Дар он хона симоъи хатнасур аст»), «хомпаз» ба маънии нимхом («Деги хаёли ишқи дилороми хомпаз»), «ҳамакора» («Ту аз он кор надорӣ, ки шудастӣ ҳамакора»), «ширгарм» («Гуфт: Обаш деҳ, валекин ширгарм!») ва ғайра мавриди истифодаи густарда қарор гирифтаанд, ки имрӯз низ аксари онҳо бо ҳамон мазмуну маънӣ дар истеъмол қарор доранд.

Дар баробари ин, корбасти фаровон аз ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақол дар ашъори Мавлоно, чун «дам супурдан» ба маънии ҷон додан («Гуфт: Дамам чӣ медиҳӣ, дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!»), «дил мондан», яъне дилсард шудан («Гӯйӣ, ки чӣ гунаам? Хушам ман!/ Гӯям турушам, дилат бимонад!»), «чашм паридан» («Чашм паррад бар умеди сиҳҳатӣ?»), «бо думи шер бозӣ кардан» («Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ»), «дар пӯст нагунҷидан» ба маънии беҳад шод будан («Гар дар ғаму дар ранҷам, дар пӯст намегунҷам»), «калларо бар девору дар кӯфтан» ба маънии пушаймон шудан («Калларо мекӯфт бар девору дар»), «кор аз кор хестан» («Гуфт: Маъшуқам ту будастӣ, на он,/ Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон!»), «корд ба устухон расидан» («Бозхар моро аз ин нафси палид, / Кордаш то устухони мо расид»), «на сих сӯзад, на кабоб» («То аз он на сих сӯзад, на кабоб!»), «ҳар чӣ мекорӣ, ҳамон медаравӣ» («Ба доси меҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ!»), «ҷӯянда — ёбанда» («Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,/ Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад!») ва ғ. барои маҳбубияти зиёд пайдо намудан ва мақбулу писанди хосу ом гардидани сурудаҳои ӯ бештар мусоидат намудаанд.

Ин нукта ҳам, ки Мавлоно мегӯяд:

Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир

бастагӣ ба шеваи баёни тоҷикӣ дорад, зеро, «шер»-у «шир» ҳарчанд дар алифбои арабиасос навишти ягона дорад, вале талаффузи ҳар ду ин калима дигаргуна аст.

Ҷанбаи дигари муҳимми вожашиносии осори Мавлоноро вожасозӣ ва ибораороиҳои зебову дилнишин ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, дар сурудаҳои ӯ вожаву ибораҳои зиёди зебову шево мавҷуд ҳастанд, ки ба андешаи мо, шояд бархе сохтаи завқи салими худи ӯ бошанд, зеро ин калимаву ибораҳо дар осори муаллифони пеш аз вай ба мушоҳида намерасанд.

Дар ин радиф метавон аз вожаҳои арзонбаҳо, бечорапарвар,  нағзрӯ, айбчин, айбистон, аввалбин, бимдил, борикҳарф, дамсоз, ғайбистон, зиндасухан, ишқомез, обкӯр (носипос), одамзода, охирандеш, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза ва монанди инҳо ёдовар шуд.

Яке аз вижагиҳои дигари вожагонии ашъори Мавлоно бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи забони гуфтугӯйии тоҷикӣ кор бастани бархе исмҳои ҷамъ, ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ ва феълҳои шакли ҷамъ аст. Масалан, дар ашъори ӯ баъзе вожаҳои шакли ҷамъи арабӣ бо аломатҳои ҷамъи тоҷикӣ —ҳо, —он дубора ҷамъбандӣ шудаанд:

Султони салотинон — Шамсулҳақи Табрезӣ,
Эй аз ту машоми ҷон зебо шудаву гӯё.

Ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ —мо, —шумо ба гунаи —моҳо ва —шумоҳо низ корбаст шудаанд:

Солҳо дафъи балоҳо кардаем,
Ваҳм ҳайрон, з-он чи моҳо кардаем…

Ҳосили сухан, ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ бо ҳама шукуҳу ҷалол ва ғояти камоли худ дар сурудаҳои дилангезу дилпазири Мавлоно ба дид меояд, ки аслан ниёз ба далел ва таърифу тавсиф надорад. Забони баёни ашъори Мавлоно далели равшани шевоию асолат ва қудрату азамати забони тоҷикӣ барои ҳамаи давру замонҳо аст. Худи ӯ ба ин маънӣ чӣ бас неку фармудааст:

Офтоб омад далели Офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.

АКС аз манбаъҳои боз


Football news:

<!DOCTYPE html>
Kane on Tuchel: A wonderful man, full of ideas. Thomas in person says what he thinks
Zarema about Kuziaev's 350,000 euros a year in Le Havre: Translate it into rubles - it's not that little. It is commendable that he left
Aleksandr Mostovoy on Wendel: Two months of walking around in the middle of nowhere and then coming back and dragging the team - that's top level
Sheffield United have bought Euro U21 champion Archer from Aston Villa for £18.5million
Alexander Medvedev on SKA: Without Gazprom, there would be no Zenit titles. There is a winning wave in the city. The next victory in the Gagarin Cup will be in the spring
Smolnikov ended his career at the age of 35. He became the Russian champion three times with Zenit

11:20 В Вахдате с участием президента открылся новый корпус медицинского колледжа
6:17 В Самарканде прошла первая министерская встреча стран Центральной Азии и США
5:42 «Истиклол» уступил «Персеполису» в третьем туре Лиги АФК-2023
10:56 Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд
10:17 Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»
9:48 Хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 2026,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд
9:35 ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро иҷро намуд
9:09 «СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО».Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад
8:55 Anurag Thakur lauds Asian Games contestants for adding more medals to India's tally
8:55 Asian Games: Boxer Jaismine's campaign ends in women's 60 kg quarterfinals
8:55 "Decision to shut down Afghan embassy is not because of India": Former Indian envoy
8:40 ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок менамояд
8:11 Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
7:02 Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»
6:23 «РОҒУН»-РО ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МЕСОЗАД! Зеро ин Кохи нур иқтидору тавоноии Тоҷикистонро баланд мебардорад
5:54 «КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад
5:15 Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд
4:46 ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад
4:27 Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»
3:59 1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст
0:55 Women activists protest in Germany against 'Gender Apartheid' in Afghanistan
0:55 Pakistan: "Imran Khan being mentally tortured in Adiala jail," alleged lawyer
20:27 Afghan Embassy in India closes operations, calls Taliban "illegitimate regime"
19:55 Pakistan: FIA submits challan oin cipher case against Imran Khan, Shah Mahmood Qureshi
19:35 Surge in Terrorism Kills More Than 700 Pakistanis
16:05 Medal table of Hangzhou Asiad on September 30
15:37 UN to send mission to Nagorno-Karabakh as 80 per cent population displaced
12:28 Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
11:49 Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид
11:44 Chinese paddlers sail into canoe sprint final at Hangzhou Asiad
11:06 Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
10:36 МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард
10:15 Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд
10:01 Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид
9:24 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад
8:53 Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
8:36 Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
8:13 Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ рафт
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд
7:22 Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
6:55 Asian Games: Preeti assured of medal, clinches Paris Olympics quota following win in QFs
6:46 Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
6:34 Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд
6:09 Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»
5:49 Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
5:37 «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
5:31 Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»
5:23 Ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5:05 Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
5:05 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
4:15 БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО. Забони тоҷикӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шаҳомат ва таҷаллии баланд дорад
3:47 Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид
3:23 Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд
3:10 АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2023 аст
1:55 Russia: Putin meets former Wagner commander Andrey Troshev, orders forming units for combat missions
21:30 UN to send mission to Nagorno-Karabakh: spokesman
18:14 Germany believes Russian ally 'supports West
18:14 US using Ukraine conflict to train troops Defence One
18:06 Suicide Bombings, Militant Raid Kill 62 in Pakistan
16:15 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
15:20 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд
14:45 Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия
14:27 Crackdown on Afghan residents in Pakistan triggers alarm
14:00 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд
12:41 Президенти мамлакат: «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад»
12:22 ИМКОНИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт ҳамоиши сармоягузорон доир гардид
11:59 Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид
11:27 Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:27 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
11:21 НАМУНАИ ИБРАТ! Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд
11:16 Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:10 «Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд
11:00 Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд
10:52 Дар Женева бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
10:49 На волне будущего: ZET-MOBILE и HUAWEI представили сервис нового поколения 5G на «ЭКСПО Центральная Азия 2023»
10:33 Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»
10:19 БА МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН 31 СОЛ ПУР ШУД. Ҳар ду давлат дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ имконияти васеи рушд доранд
10:14 Представители более 30 стран принимают участие в Международном  форуме «Душанбе Инвест – 2023»
10:08 Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд
9:44 Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
9:37 Asian Games: Parveen Hooda punches her way into women's 57kg quarters
9:24 БАРАКАТИ «ДУОИ МОДАР». Дар Қасри Арбоб ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир шуд
9:11 Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»
9:08 Deadly blast rips religious gathering in Pakistan, dozens killed
8:46 Военная делегация Таджикистана прибыла в Тулу для участия в заседании Совета министров обороны стран СНГ
8:45 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд
8:31 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд
8:25 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
8:17 10 октябр Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
7:00 Байни Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид
7:00 Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатарро барои мувофиқа пешниҳод намуданд
6:55 Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад
6:52 Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
6:21 29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд
5:55 Retired Kabul University professor sells clothes on streets to survive amid unpaid pensions
5:28 «DUSHANBE INVEST 2023». Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид
5:21 Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ шуд