ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНАИ МЕҲВАРӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ. Андешаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.

Мубрам будани масъалаҳои  истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд, ки аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки айни замон дар амал татбиқ шуда истодааст. Барои тарҳрезӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузоштааст, ки ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ маҳсуб меёбанд.

Яке аз равандҳои муҳим ва меҳваронаи иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ин густурда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба яке аз омилҳои муҳими ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро ба ҳам омадани намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.

Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи пураҳамият гирди ҳам овард. Танҳо дар Форуми байналмилалии оби тоза соли 2003 дар шаҳри Душанбе намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисаҳои марбута, намояндагони барҷастаи доираҳои илмӣ, коршиносони ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон, намояндагони 40 созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаву марказҳои илмӣ ва олимони машҳури ҷаҳон ширкат варзиданд.

Чунин маълумоти оморӣ, агар аз як ҷониб муҳим будани ҳалли масъалаи обро барои тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳад, аз ҷониби дигар хусусияти муттаҳидкунӣ доштани ташаббуси Пешвои миллатро дар масъалаи об нишон медиҳад. Инчунин дар доираи форуми мазкур 18 чорабинии махсус баргузор гардида, мушкилоти марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори меҳварии ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии об. Воқеан, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд, зеро тибқи маълумотҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

Албатта мо метавонем инъикоси ташаббусҳои созанда ва бевоситаи Пешвои муаззами миллатро дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида намоем:

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;

— ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни об гузаронида шуд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

— Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август – 1 сентябри соли 2003;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ, 30 май – 1 июни соли 2005;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 27 — 29 июни соли 2008;

— Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015, 8 -10 июни соли 2010.

Бояд қайд намуд, ки ҷонибдорӣ ёфтани 4 ташаббуси глобалии экологии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», рӯзи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар чорабинии мазкур «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» баён намуданд.

Дар шароите, ки афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ зери суол меафтад. Воқеан, суръати афзоиши ин омилҳо ба дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳо бетаъсир намемонад.

Тибқи маълумоти мутахассисон кишвари мо аз рӯйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми 8-ум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км. ҳудуд), мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда аз 10 000 пирях ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо 20 км³ обҳои нӯшокӣ захира шудаанд, ҷойгир мебошанд.

Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фавриро талаб мекунанд.

Дар асоси андешаҳои боло, бояд тазаккур дод, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии иттифоқиро тақвият бахшанд. Истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад.

Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ арёбӣ карда мешавад.

Рушди қонунгузории миллӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат. Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарк медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии истифодаи захираҳои обӣ, балкӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории соҳаи об нақши муҳиму созада ва бунёдӣ доранд.

Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории соҳа ба миён омаданд.

Ҳамзамон дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи об баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми соҳаи об зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омад.

Қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмил дода шуда, дар таҳрири нав қабул гардид.

Айни замон заминаи мукаммали қонунгузории соҳа бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар асоси роҳнамоии ин ташаббусҳо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, №1688, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» аз 19 июли соли 2019, №1633, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» аз 2 январи соли 2020, №1668 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои муҳими барномавӣ, ба монандӣ «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791; «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020» ва «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 таҳия ва қабул карда шудаанд.

Чунин асосҳои танзими ҳуқуқии масъалаҳои об дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ идомаи мантиқии татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонии об буда, бо мақсади роҳандозӣ гардидани Ҳадафҳои Рушди Устувор дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мусоидат менамояд.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»


Football news:

<!DOCTYPE html>
Kane on Tuchel: A wonderful man, full of ideas. Thomas in person says what he thinks
Zarema about Kuziaev's 350,000 euros a year in Le Havre: Translate it into rubles - it's not that little. It is commendable that he left
Aleksandr Mostovoy on Wendel: Two months of walking around in the middle of nowhere and then coming back and dragging the team - that's top level
Sheffield United have bought Euro U21 champion Archer from Aston Villa for £18.5million
Alexander Medvedev on SKA: Without Gazprom, there would be no Zenit titles. There is a winning wave in the city. The next victory in the Gagarin Cup will be in the spring
Smolnikov ended his career at the age of 35. He became the Russian champion three times with Zenit

11:20 В Вахдате с участием президента открылся новый корпус медицинского колледжа
6:17 В Самарканде прошла первая министерская встреча стран Центральной Азии и США
5:42 «Истиклол» уступил «Персеполису» в третьем туре Лиги АФК-2023
10:56 Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд
10:17 Рустами Эмомалӣ: «Барои Тоҷикистон густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон самти муҳим маҳсуб меёбад»
9:48 Хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 2026,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд
9:35 ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳарбиро иҷро намуд
9:09 «СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО».Ба ин муносибат филми мустанад — «Пиряхҳои Тоҷикистон» таҳия мегардад
8:55 Anurag Thakur lauds Asian Games contestants for adding more medals to India's tally
8:55 Asian Games: Boxer Jaismine's campaign ends in women's 60 kg quarterfinals
8:55 "Decision to shut down Afghan embassy is not because of India": Former Indian envoy
8:40 ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи рушди УЕФА иштирок менамояд
8:11 Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
7:02 Раиси шаҳри Душанбе: «Дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мешавад»
6:23 «РОҒУН»-РО ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МЕСОЗАД! Зеро ин Кохи нур иқтидору тавоноии Тоҷикистонро баланд мебардорад
5:54 «КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалӣ доир мегардад
5:15 Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд
4:46 ҶАҲОНЕРО КУНАД ЭҲЁ МУАЛЛИМ! Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон ба 1 октябр рост омад
4:27 Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»
3:59 1 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Ҳар нигоҳ ва ҳар сухану насиҳатҳои онҳо нуре дар торикии шаб ва гармие дар сардиҳои зиндагии насли имрӯза аст
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, якшанбе, 274-умин рӯзи соли 2023 аст
0:55 Women activists protest in Germany against 'Gender Apartheid' in Afghanistan
0:55 Pakistan: "Imran Khan being mentally tortured in Adiala jail," alleged lawyer
20:27 Afghan Embassy in India closes operations, calls Taliban "illegitimate regime"
19:55 Pakistan: FIA submits challan oin cipher case against Imran Khan, Shah Mahmood Qureshi
19:35 Surge in Terrorism Kills More Than 700 Pakistanis
16:05 Medal table of Hangzhou Asiad on September 30
15:37 UN to send mission to Nagorno-Karabakh as 80 per cent population displaced
12:28 Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
11:49 Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид
11:44 Chinese paddlers sail into canoe sprint final at Hangzhou Asiad
11:06 Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
10:36 МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард
10:15 Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд
10:01 Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид
9:24 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад
8:53 Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
8:36 Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
8:13 Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ рафт
7:48 ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд
7:22 Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
6:55 Asian Games: Preeti assured of medal, clinches Paris Olympics quota following win in QFs
6:46 Пешвои миллат дар Форуми иқтисодии Берлин оид ба афзалиятҳои хоси Тоҷикистон иттилоъ доданд
6:34 Завқӣ Завқизода бо Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот намуд
6:09 Рустами Эмомалӣ: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ раванди роҳандозии низоми нави муносибатҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳарчи бештари он амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёбад»
5:49 Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
5:37 «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҳангоми истеҳсоли маснуоти чопӣ». Дар ин мавзуъ машварати омӯзишӣ доир шуд
5:31 Рустами Эмомалӣ: «Иқдому қарорҳои дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 қабулшаванда ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамоянд»
5:23 Ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
5:05 Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
5:05 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
4:15 БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО. Забони тоҷикӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ шаҳомат ва таҷаллии баланд дорад
3:47 Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тасдиқ гардид
3:23 Зиёда аз 1,2 км роҳи деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода асфалтпӯш карда шуд
3:10 АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад
3:00 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, шанбе, 273-юмин рӯзи соли 2023 аст
1:55 Russia: Putin meets former Wagner commander Andrey Troshev, orders forming units for combat missions
21:30 UN to send mission to Nagorno-Karabakh: spokesman
18:14 Germany believes Russian ally 'supports West
18:14 US using Ukraine conflict to train troops Defence One
18:06 Suicide Bombings, Militant Raid Kill 62 in Pakistan
16:15 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд
15:20 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек мулоқот намуданд
14:45 Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия
14:27 Crackdown on Afghan residents in Pakistan triggers alarm
14:00 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд
12:41 Президенти мамлакат: «Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад»
12:22 ИМКОНИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахт ҳамоиши сармоягузорон доир гардид
11:59 Дар Душанбе имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза муҳокима гардид
11:27 Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:27 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
11:21 НАМУНАИ ИБРАТ! Дугоникҳо Шамсиддин ва Қамариддин Бороновҳо ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд
11:16 Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёт дар Чин иштирок намуд
11:10 «Ин Раша Тревел» тасмим гирифтааст сайёҳони тоҷикро ба шаҳрҳои туристии Русия ҷалб намояд
11:00 Қатар омодагии худро ба сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд
10:52 Дар Женева бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид
10:49 На волне будущего: ZET-MOBILE и HUAWEI представили сервис нового поколения 5G на «ЭКСПО Центральная Азия 2023»
10:33 Сарвари давлат: «Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои оби босифати ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд»
10:19 БА МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН 31 СОЛ ПУР ШУД. Ҳар ду давлат дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ имконияти васеи рушд доранд
10:14 Представители более 30 стран принимают участие в Международном  форуме «Душанбе Инвест – 2023»
10:08 Дар дидбонгоҳи гумрукии наздисарҳадии «Кокул» иншооти муосир ба истифода дода шуд
9:44 Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
9:37 Asian Games: Parveen Hooda punches her way into women's 57kg quarters
9:24 БАРАКАТИ «ДУОИ МОДАР». Дар Қасри Арбоб ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир шуд
9:11 Пешвои миллат: «Тоҷикистон барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ, сайёҳии табобатӣ ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад»
9:08 Deadly blast rips religious gathering in Pakistan, dozens killed
8:46 Военная делегация Таджикистана прибыла в Тулу для участия в заседании Совета министров обороны стран СНГ
8:45 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд
8:31 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов мулоқот намуд
8:25 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
8:17 10 октябр Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
7:00 Байни Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид
7:00 Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қатарро барои мувофиқа пешниҳод намуданд
6:55 Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд густариш мебахшад
6:52 Вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
6:21 29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд
5:55 Retired Kabul University professor sells clothes on streets to survive amid unpaid pensions
5:28 «DUSHANBE INVEST 2023». Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз гардид
5:21 Дар Осорхонаи миллӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ифтитоҳ шуд