Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

29 СЕНТЯБР-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДИЛ. Тарзи ҳаёти солим гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳоро кам менамояд

29 сентябр дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии дил эътироф шудааст. Дар айни замон бемориҳои дилу раг сабаби асосии марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон буда, ҳар сол беш аз 18 миллион нафарро аз байн мебаранд.

Бемории дил чӣ гуна маризӣ аст? Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он чӣ гуна аст? Ин бемориро чӣ гуна метавон табобат намуд? Ба ин ва дигар саволҳо табиби дилшинос Абдураҳмон Ғоибназаров посух дод.

«Бемориҳои дилу рагҳо як гурӯҳи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар мебошанд, ки ба онҳо бемории ишемикии дил, бемории мағзи сар, бемории артерияи периферӣ, бемории ревматикии дил, нуқсони модарзодии дил, тромбози амиқ ва эмболияи шуш дохил мешаванд»,-гуфт мавсуф.

Ба гуфтаи табиб, сабаби гирифторӣ ба ин беморӣ- ин зиёдшавии холестерин, мубтало будан ба диабети қанд, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҳолати асабию рӯҳӣ, гирифтории шараёни фишорбаландӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, асабоният, камҳаракатӣ ва тарзи нодурусти ҳаёт мебошад.  Аз ин рӯ, барои дучор нашудан ба ин гуна бемории хатарнок  ҳар шахс бояд  аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шуда, ғизои солим истеъмол намояд.

«Сабаби дигари мурдашавии қисмати мушаки дил, яъне инфаркт ба  асабонӣ шудани одамон рабт дода мешавад. Дар натиҷаи ҳассосияти психоневрологӣ якбора тарангшавии рагҳои хунгарди мушаки дил (рагҳои коронарӣ) ба вуҷуд омада,  норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани  меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад», -афзуд табиби дилшинос.

Пизишки ин соҳа тавсия дод, ки ҳар кас ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои аввалини бемориҳои дилу рагҳо ҳатман ба духтури мутахассис муроҷиат намуда, ёрии аввалинро дарёфт намоянд.

«Ҳар шахс бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад, яъне даст кашидан аз тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ, ҳадди ақалл кам намудани истеъмоли он, инчунин мубориза бо асабонияти шадид — имрӯз роҳҳои зиёде барои барқарор намудани оромии руҳ вуҷуд доранд, аз ҷумла, доруҳои оромкунанда, ки онро мутахассисон тавсия медиҳанд», -гуфт мутахассис.

Бояд тазаккур дод, ки қоидаҳои парҳез ё истеъмоли ғизои солим низ барои гирифтор нашудан ба бмориҳои дил кумак менамоянд. Аз ин рӯ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар шахс бояд истеъмоли хӯрокҳои камравған, истифодаи миқдори ками намаки ошӣ ва шириниҳоро риоя намояд. Кам намудани вазни бадан низ асоси табобати фишорбаландӣ, бемории ишемиявии дил ва диабети қанд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз