Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи октябр ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

Ҳавои моҳи октябри имсола ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2022 монанд хоҳад шуд. Даҳаи аввали моҳ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, даҳаи дуввуми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Ҳамзамон ҳавои номусоид ва ба амал омадани борон аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15+18 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона дар ҳудуди 11+16, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона аз 8+13 то 4+9 дараҷа гарм, рӯзона аз 18+23 то 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 6+11 то 3+8 дараҷа гарм, рӯзона аз 15+20 то 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи аввали моҳ асосан ҳавои хушк боқӣ монда, дар нимаи дуюми моҳ ҳавои номусоид ва бориши борон аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш аз меъёри иқлимӣ кам, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 мер дар як сония пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 12+14 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 9+14, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона аз 6+11 то 3+8 дараҷа гарм, рӯзона аз 18+23 то 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2+7 то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 то 3+8 дараҷа гарм мешавад. Ба амал омадани бориши шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ баланд, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр  1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 15+17 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 4+9 то -4+1 дараҷа, рӯзона аз 12+17 то 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ба амал омадани бориши шиддатнокиашон гуногун дар нимаи дуюми моҳ аз эҳтимол дур нест. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд дар назар дошта шудааст. Дар нимаи аввали моҳи октябр дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, ба амал омадани чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

Дар Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, -1+2 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 5-10 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 1+6 дараҷа гарм то -3+2 дараҷа мешавад. Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам пешгӯӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»