Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«АНДАЛЕБ-2023». Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ дар Сангвор тибқи шартҳои муайянгардида доир шуд

Дар ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023 баргузор гардид, ки дар он санъаткорону ҷавонони боистеъдод расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор Саидбег Шарипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳия тибқи шартҳои муайянгардида гузаронида шуд. Хушбахтона, ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои арзанда доданд.

Яке аз дигар шартҳои ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд. Бештари маҳсулоти дастӣ аз маводи дастраси маҳалӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ поку барои инсон бехатар мебошанд, омода гардида буд.

Мақсади асосии  баргузории фестивал-озмун- намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мавзуи меҳварии он инъикоси руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор