Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

6 сентябр дар толори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба як гурӯҳ кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози маросими ҷоизасупорӣ Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба самъи иштирокчиён расонд.

Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар бораи Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва таҳкими истиқлолият суханронӣ намуд.

Сипас, дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» ба як гурӯҳ кормандони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ кормандон бо Медали «Хизмати шоиста», Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Ифтихорнома ва Раҳматнома сарфароз гардиданд.

АКС: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон