Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

БА МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН 31 СОЛ ПУР ШУД. Ҳар ду давлат дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ имконияти васеи рушд доранд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобилаи Тоҷикистон ва Олмон дар моҳҳои январ-августи соли равон 127,7 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,4 млн доллар ё қариб 2 маротиба афзоиш ёфтааст. Вазни хоси савдои мутақобила бо Олмон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат 2,8 фоизро ташкил дода, дар ҷои 8 қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор шуданд, ки имсол ба он 31 сол пур шуд.

Ташрифҳои сатҳи олии дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд. Зимни он сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти федеролӣ Кристиан Вулф ва Канслери федеролӣ хонум Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.

Абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажуҳишӣ-таълимӣ ташкил медиҳад. Бонки олмонии рушд (KfW), Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон  (GIZ) дар баробари дигар ташикилот дар пешбурди шарикӣ баҳри рушд саҳмгузор мебошанд.

Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарлумонии ҳар ду давлат инкишоф меёбанд. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳар ду давлат мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Германия 42 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 31 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 ададро созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.

Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ бо Олмон 114 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 6,6 млн доллар ё 6,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Вазни хоси савдои мутақобила бо Олмон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 1,6 фоизро ташкил дода, дар ҷои 11 қарор гирифт.

Дар ин давра ба Олмон ба маблағи 0,8 млн доллар молу маҳсулот содирот гардидааст, ки 87,5 фоизи онро нахи пахта, 10 фоизи онро тухмиҳои равғандеҳ, 5 фоиз меваҳо, чормағз ва дигар молу маҳсулот ташкил дод.

Воридот ба 113,2 млн доллар баробар гардида, асосан аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти заминӣ 70,7 фоиз, таҷҳизоти механикӣ, дегҳо 10,8 фоиз, маҳсулоти типографӣ, полиграфӣ 4,8 фоиз, мошинҳои барқӣ ва тачҳизот 2,7 фоиз ва дигар молҳо ташаккул ёфт.

Дар моҳҳои январ-августи соли равон Олмон ба маблағи 0,2 млн доллар молу маҳсулот содирот гардидааст. Воридот ба 127,5 млн доллар баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64 млн доллар зиёд мебошад.

Бояд изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ имконияти васеи рушди робитаҳои судманд доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз вохӯриҳояшон (14.08.2023) бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен иброз намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносиботи созанда байни ду давлат буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди энергияи «сабз», илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкории ҳар ду ҷониб медонад. Дар мулоқот изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии давлатҳои минтақаи мо ва Олмон  мусоидат менамояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 28 сентябри соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон» вориди шаҳри Берлин шуданд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон», Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як зумра роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки байни Тоҷикистон ва Олмон имконоти бузурги истифоданашуда зиёд мебошанд ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки ояндаи наздик робитаҳои зич байни ин ду давлат   ҷиҳати ҷалби бештари сармоя, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатию содиротӣ замина мегузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз