Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон 34 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ва 50 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мегарданд

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бунёду навсозии 498 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Суҳроб Сиддиқзода ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки нақшаи чорабиниҳои  мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он дар ноҳия 34 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, 50 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46  иншооти соҳаи маориф, 10 иншооти фарҳангӣ, 20 иншооти соҳаи варзиш, 23  иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 иншооти хизматрасонию савдо ва 52 иншооти дигар бунёд мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 372 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон