Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Баҳодур Шерализода дар нишасти вазирони муҳити зисти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд иштирок менамояд

Дар доираи раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 27 май дар Тошканд ҷаласаи сеюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви Созмон баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ медиҳад.

Ҳайатҳои баландпоя ва коршиносони ҳашт кишвари узви СҲШ бо иштироки намояндагони Котиботи созмон вазифаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо назардошти воқеияти муосир баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар нишасти Тошканд ҷонибҳо роҷеъ ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим,  аз қабили мониторинги муҳити зист, гуногунии биологӣ, ҳифзи манотиқи табиӣ, рафъи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамкории илмию техникӣ, идораи партовҳои сахт ва рушди тавонмандӣ, баланд бардоштани иқтидори  мутахассисон  табодули назар кунанд.

Дар анҷоми  ҷаласаи вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ тасдиқи Барномаи муштараки таъсиси Платформаи ягонаи табодули иттилооти экологии СҲШ дар назар аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»