Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Истаравшан синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд

«Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан 4 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Мирзиё Ҳабибов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Синфхонаҳо дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо ҳама намуди ашёи таълимӣ буда, сохтмони он моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони деҳаи Қалъачаи Калон, дастгирии соҳибкорон ва кумитаи падарону модарон бунёд ёфт. Синфхонаҳои мазкур дар ду баст 240 нафар хонандаро ба таълим фаро мегиранд.

Масоҳати умумии муассиса 4 гектарро ташкил дода, аз 3 бино ва 45 синфхонаи калону барҳаво иборат мебошад.

Дар муассисаи мазкур 74 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз ин теъдод 34 нафарашонро занҳо мебошанд. Дар мактаб 1474 нафар толибилмон (767 нафар духтар) таҳсил менамоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чор синфхонаи иловагӣ мушкилии ҷойи нишаст дар ин муассисаи таълимӣ бартараф гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан ба ташаббускорону саҳмгузорон арзи сипос намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ дастур дод.

АКС: Маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан