Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

БАРАКАТИ «ДУОИ МОДАР». Дар Қасри Арбоб ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир шуд

Дар Қасри Арбоби вилояти Суғд  ҷамъбасти озмуни навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд-«Дуои модар» баргузор гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло таассуроти хешро аз ҷараёни озмун баён доштааст.

-«Дуои модар» сенздаҳумин озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд, ки тайи солҳои охир амалӣ гардид. Ман қариб дар тамоми ин озмунҳо иштирок дошта, шоҳиди бунёдгузории онҳо будаам. Танҳо дар  ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд солҳои охир озмунҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва бузургдошти устод Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ, бахшида ба бузургдошти Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Ғафуров, бахшида ба шеъри кӯдакон дар Хуҷанди бостон, бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент, яъне чаҳор озмун гузаронида шуданд, ки ҳар яке ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, саҳми бузурге дар худшиносии миллӣ, пажуҳишу инъикоси мавзуъҳои интихобшуда ва умуман ғанӣ гардонидани маънавиёти миллат гузоштаанд.

Озмуни «Дуои модар» панҷумин озмуне аст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти давлатии вилояти Суғд гузаронид.

Тантанаи ҷамъбасти озмуни  «Дуои модар» аз зиёрат ва гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи  ҳамноми озмуни «Дуои модар», ки дар даромадгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  қомат афрохтааст, шуруъ гардид. Бояд гуфт, ки ин муҷассамаи зебову мафтункунанда ва аз назари ҳунариву маънавӣ хеле шоиста дар асл симои модари бузургвореро таҷассум намудааст, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати мо додааст. Муҷассама аз падидаҳои тозатарини ҳунармандони мо мебошад, ки дар сатҳи баланди эҷодӣ бо  баёни шукуҳу бузургии модар дар ҳолаи суннатҳои миллӣ падидор гардидааст.

Як падидаи ҷолиб дар ин озмун соҳиби ҷоизаҳо ва ҷойҳои дуюм гардидани ду нафар меҳмонони муътабар:  олиму адиб ва як нафар рӯзноманигори варзидаи  рӯзномаи «Овози тоҷик» аз Узбекистони бародар мебошад.

Банда, ки дар ҷамъбасти ин ҳама озмунҳои «Ҷумҳурият» иштирок  доштаам, ба назарам чунин намуд, ки озмуни «Дуои модар» бо шукуҳу маҳбубияти бештар рӯи кор омад. Воқеан «Дуои модар» ба иштирокчиён ва ҳама алоқамандони озмун болу пари дигар бахшид. Дар Қасри Арбоб низ ин озмун хеле зебову ҳунармандона ва бо дурахшҳои хоссаи эҷодиву ҳунарӣ баргузор гардид, ки гувоҳи файзу баракати воқеии дуои модарон аст.

 АКС аз манбаъҳои боз