Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Беш аз 500 корманди Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии JVI такмили дониш намудаанд

Дар солҳои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) беш аз 500 корманди сатҳҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои таълимии JVI иштирок намуда, сатҳи донишу малакаи худро баланд бардоштаанд. Ин нукта ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои нави бозомӯзии мутахассисон ва амалӣ намудани чорабиниҳои таълимӣ дар меҳвари  мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва директори JVI Эрве Жоли қарор гирифтанд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода  ба Институти Муттаҳидаи Вена барои ҳамкории судманд ҷиҳати ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар сатҳи олии ҳирфаӣ доир гашта, мавзуъҳои муҳими бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкиро фаро мегирад, арзи сипос намуд. Гуфта шуд, ки JVI яке аз институтҳои пешбари молиявӣ маҳсуб шуда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони ташкилоти молиявии давлатӣ ва бонкҳои марказӣ нақши муҳим дорад ва саҳми он дар бахши баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва омода намудани мутахассисони бахши иқтисод ва молия назаррас арзёбӣ мегардад.

Чорабиниҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби JVI ташкил мешаванд, доираи васеъ, аз қабили таҳияи сиёсат ва идораи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории молиявӣ, баҳисобгирии макроиқтисодӣ ва молиявӣ, ҳамчунин дигар мавзуъҳои тахассусиро дар бар мегиранд.

Директори JVI Эрве Жоли иброз дошт, ки мулоқоти ӯ бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва сафараш ба Тоҷикистон, ки маротибаи аввал доир мешавад, барои JVI муҳим аст.

          АКС: Бонки миллии Тоҷикистон