Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«БИШНАВ АЗ НАЙ ЧУН ҲИКОЯТ МЕКУНАД… ». Бахшида ба бузургдошти Мавлоно дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хониши сиёсӣ баргузор шуд

Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно 27 сентябр дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад… » бо иштироки васеи устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҷамъомад бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки «шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Гуфта шуд, ки насли ҷавонро мебояд бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ба осори бузургоне, чун Мавлоно рӯ оварда, онро мутолиа намоянд ва ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонанд.

Дар маъруза оид ба асари безаволи Мавлоно «Маснавии маънавӣ ва назари олимони ҷаҳон ба муҳтавои он» иброз гардид, ки назми оламгир ва афкору андешаи бунёдиву башардӯстонаи Мавлоно ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст.

Имрӯз дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа менамоянд. Дар осори фалсафии Мавлоно муҳимтарин масъалаҳо воқеъбинона шарҳу тафсир ёфтаанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров