Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«БИШНАВ АЗ НАЙ…». Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори бузургдошти Мавлоно маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

. «Саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад». Чунин иброз дошт директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар маҳфили илмӣ-фарҳангие, ки дар Душанбе таҳти унвони «Бишнав аз най…» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маҳфили илмӣ-фарҳангии «Бишнав аз най…» ба ифтихори бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир шуда, дар он роҳбарият ва кормандони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маҳфили илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ барномаҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ, аз қабили қироати ашъори безаволи Мавлоно, замзамаи сурудҳо аз ашъори мондагори Мавлоно, саҳнаҳо аз ҳаёт ва рӯзгори Мавлоно иҷро гардида, ҳамзамон иштирокдорон дар мавзуи «Нусхаҳои дастнависи Маснавии маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангии «Бишнав аз най…» ҳифзу муаррифии осори безаволи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияти ин нобиғаи бузурги миллати тоҷик мебошад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон