Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Бузургтарин пиряхи ҷаҳон дар Антарктида ба ҳаракати фаъол шуруъ намуд

Баъди зиёда пас 30 соли ҷудошавӣ аз қисми асосии Антарктида он бо суръати беш аз 150 км дар як моҳ ба ҳаракати фаъол шуруъ намуд, хабар доданд дар хадамоти матбуоти Институти илмӣ-тадқиқотии Арктика ва Антарктика (ИИТАА), иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС.

«Мутахассисони Маркази ахбори ях ва обуҳавосанҷии ИИТАА ҳаракати калонтарин пиряхи сайёра А23а — ро, ки қаблан дар он пойгоҳи мавсимии илмии шӯравии «Дружная-1» воқеъ буд, мушоҳида намуда истодаанд. Дар оғози зимистони Антарктида, баъди беш аз 30 сол пас аз ҷудо шудан аз пиряхи Антарктида он ба ҳаракати фаъол бо суръати беш аз 150 км дар як моҳ оғоз намуд. Дар айни ҳол пирях дар баҳри Уэддел, қад-қади соҳили Антарктида ҳаракат менамояд», — изҳор доштанд дар хадамоти матбуотӣ.

Майдони пирях тақрибан 4170 км. кв-ро ташкил медиҳад. Моҳи сентябри соли 1986 як миқдор майдони ях аз пиряхи Филчнер канда шуд. Дар мавзеи пошхӯрда се пиряхи азим ба вуҷуд омад, ки дар яке аз онҳо пойгоҳи мавсимии «Дружная-1» ҷойгир гардид.

Пас аз ҷудо шудан аз тунукобаи баҳр пирях зуд дар қисми ҷанубии баҳри Антарктикаи Уэдделл ба ҷазираи яхин табдил ёфт. Акнун пирях аз сабаби таъсири ҷараёнҳои об аз ҷояш кӯчидааст.

Олимон ишора мекунанд, ки ояндаи пиряхи A23a аз якчанд омил вобаста мебошад: таъсири ҷараёнҳо, баромадани релефи зериобӣ, вазъияти обу ҳаво. Эҳтимол аст, ки худи ҳамин сол ниҳоят пирях ба оби тоза бароварда шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: travelask.ru