Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

2 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе  ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, мутобиқи моддаи 34-и  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум 2 октябри соли 2023,  соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон