Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад

Федератсияи футболи Афғонистон ба далели он ки  имкони мизбонии бозиҳои байналмилалиро надорад, шаҳри  Душанберо макони бозиҳои хонагӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 интихоб намудааст. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Афғонистон бо  дастаи  мунтахаби  Муғулистон бозӣ менамояд. Вохӯрии аввал 12 октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Бозии ҷавобӣ 17 октябр  дар шаҳри  Улан-Батор  доир  мегирад.

Хотиррасон мешавем, ки ғолиби ҷуфти дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо  дастаҳои мунтахаби  Қатар,  Ҳиндустон  ва  Кувайт бозӣ менамояд.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026

Даври якум. Бозии аввал

12 октябр (панҷшанбе)

Афғонистон – Муғулистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон