Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.

Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, ҷоизадори бозиҳои олимпии Лондон — 2012 Мавзуна Чориева, варзишгари маъруф Саидҷалол Саидов, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Академия иштирок намуданд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори нав ва неруи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин қишри аҳолӣ диққати калон медиҳад».

Сураҷ Чоршанбезода тазаккур дод, ки «ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа, неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат буда, дар замони муосир бисёр тағйироти мусбати ҷомеа аз онҳо вобаста аст. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст».

Дар хатми ҳамоиш ба донишҷӯёну кормандони фаъоли Академия дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва сипосномаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ