Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова аз идомаи мусобиқа бенасиб монд

Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз муштзанбонуи Ҳиндустон — Парвин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шоира дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд. Дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт буд.

15 май варзишгари дигарамон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар муҳорибаи дуюмаш (дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба карда буд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хӯрд.

Қаблан ду варзишгарамон — Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9 май шурӯъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

АКС: КМО Тоҷикистон