Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Чӣ тавр ба пешрафти касбӣ метавон ноил шуд?

Оё метавонад ронанда «Устоди алоқа», менеҷери қаторӣ директори тиҷоратии ширкати калони телекоммуникатсионӣ шуда, модари ду фарзанд аз мушовири қаторӣ то сатҳи роҳбари Хадамоти мизоҷон инкишоф ёбад? Агар ҷои корро дуруст интихоб намоем, ҳамааш имконпазир аст. Мисолҳои оварда – шарҳи ҳоли воқеии кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд. Чӣ тавр метавон вориди дастае шуд, ки дар он пешрафти касбӣ на фақат орзу, балки таҷрибаи муқаррарӣ аст ва барои оғози роҳ ба сӯи муваффақият чӣ бояд кард?

Устуворона ба ҷониби боло

Дар айни замон дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қариб 800 коргар фаъолият дошта, аз ин теъдод 150 нафар даҳ сол ва зиёда аз он кор менамоянд. Барои оламе, ки дар он одамон корфарморо ба ҳисоби миёна ҳар панҷ сол иваз менамоянд, ин нишонаи хеле хуб аст! Сабабҳои ин ҳолат муайян мебошанд: кори дигарро онҳое меҷӯянд, ки аллакай барои худ имкониятро барои пешравӣ намебинанд. МегаФон Тоҷикистон имконияти пешравии ҳамаҷонибаро кафолат медиҳад: метавон на танҳо вазифаҳои нисбатан баландтарро соҳиб шуд, балки инчунин самтҳои кори ҳам барои ширкат ва ҳам барои коргарон навро аз худ намуд. Якчанд мисолҳои мушаххас меоварем:

Комрон Кенҷаев ба ширкат бори нахуст ба ҳайси мутахассис-хазинадори идораи хизматрасонӣ қабул шуд. Сипас менеҷер оид ба кор бо дилерон таъин шуда, нуқтаҳои фурӯшҳои шарикони ширкатро дар Душанбе ва баъдан дар тамоми Тоҷикистон назорат мекард. Қадами баъдӣ – кор дар вазифаи менеҷери калони бахши фурӯшҳо ва хизматрасонии муштариён буд. Пас аз он номбурда мақоми роҳбари шуъбаи тиҷоратии раёсати минтақавиро дар вилояти Суғд ба зимма гирифта, ҳоло ҳамон вазифаро дар раёсати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба иҷро мерасонад. Роҳ ба сӯи мақомҳои баланд камтар аз даҳ солро гирифт.

Ба Далер Наимов танҳо бо кӯшиши сеюм муяссар шуд, ки ба кор ба МегаФон Тоҷикистон қабул шавад. Ӯро ба ҳайси менеҷер оид ба нархгузорӣ ба кор қабул намуданд. Баъди фаъолияти дусола дар хадамоти маркетинг ӯ дарк намуд, ки бояд инкишоф ёбад – ва дар озмуни дохилӣ ба вазифаи роҳбари шуъба оид ба кор бо бозори тиҷоратӣ ғолиб омад. Якчанд сол пас номбурда вазифаи роҳбари раёсати минтақавиро дар вилояти Суғд соҳиб шуд. Айни ҳол мавсуф роҳбарии раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – зерсохтори пойтахтии ширкатро, ки аз онҳо роҳандозии бисёр инноватсияҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ оғоз меёбад, ба зимма дорад.

Алиҷон Ғаниев ба МегаФон Тоҷикистон дар 19-солагӣ ҳамчун донишҷӯ-таҷрибаомӯз омада буд. Тамоми зинаҳоро дар самти фаъолияти техникӣ гузашт. Ба ҳайси муҳандис оид ба корбурди шабакаҳои мобилии якчанд насл, аз ҷумла аввалин шуда, дар Тоҷикистон ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷаҳон як қисми шабакаи 5G ва технологияи нави eSIM-ро ҷорӣ намуд. Айни замон ӯ роҳбари департаменти инкишоф ва корбурди ТМСБ, ки ду сол пеш ташкил шудааст, ба ҳисоб рафта, ба пешниҳоди интернети собит машғул аст.

Муҳандиси калони хадамоти рушди шабака Асрор Ҳафизов соли равон унвони олии касбии «Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуд. Дар ширкат ӯ кори худро ба ҳайси ронанда шуруъ намуда буд! Сипас васлгари пойгоҳҳои базавӣ шуда, соли 2006 пурра ба департаменти техникӣ гузашт.

Фарангис Зубайдова, ки айни ҳол роҳбари Хадамоти мизоҷон мебошад, корро аз вазифаи оператори қатории хадамоти маълумотдиҳӣ-иттилоотӣ оғоз намуда, ба зангҳои муштариён ҷавоб медод. Сипас корро дар мақоми мушовири калон идома додааст. Акнун зери парастории ӯ 140 корманди ҷавон фаъолият доранд. Барои бисёриҳо Хадамоти мизоҷон як воситаи хуби такондиҳанда дар самти пешравии касбу кор ба ҳисоб меравад: теъдоди роҳбарон ва мутахассисони пешбаре, ки замоне ҳамчунин фаъолияти худро дар вазифаи мушовирони одӣ оғоз карда буданд, аллакай даҳҳо нафарро ташкил медиҳад.

Се қадам ба сӯи муваффақият

Барои як қисми дастаи «МегаФон Тоҷикистон» шудан чӣ бояд намуд? Се маслиҳат медиҳем.

Дар бораи соҳаи телекоммуникатсионии Тоҷикистон маълумоти бештар ба даст оред. Аз тамоми тамоюл ва дастовардҳои технологӣ бохабар бошед, бо ҳолати бозор шинос шавед. Ин донишҳо дар дарки дурусти вазифаҳое, ки назди ширкат гузошта шудаанд, кумак мерасонанд. Албатта, ба хубӣ омӯзед, ки МегаФон Тоҷикистон ба муштариён чиҳоро пешниҳод менамояд, рисолаташ дар чист ва арзишҳои дастае, ки шумо як қисми он шудан мехоҳед, кадомҳоянд? Арзишҳои шумо ба арзишҳои ширкат шабоҳат доранд ва шумо дастҷамъона бо ҳайати баста амал кардан мехоҳед, то ки бо натиҷа ифтихор намоед? Мехоҳед таҷрибаи беҳтаринро дар самти хизматрасонии мизоҷон касб намоед ва донишҳоятонро такмил диҳед? Пас давом медиҳем!

Фикр кунед, кадом кор бароятон бештар ҷолиб аст, ба чӣ бештар майл доред: ба техника, маркетинг, фурӯшҳо? Чӣ ҳаловати бештар мебахшад – таҳияи замимаҳои мобилӣ, тартибдиҳии ҳисоботи таҳлилӣ, муошират бо одамон? Ба ин савол ҷавоб дода, малакаҳои худро, ки ба шумо дар соҳаи интихобнамудаатон кумак мекунанд, инкишоф диҳед, аз барномаҳои дахлдори омӯзишӣ гузаред. Инкишофи доимӣ барои корманди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» – талаботи мубрами соҳаи зуд тағйирёбандаи алоқа маҳсуб ёфта, барои корманди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як қисми фарҳанги корпоративӣ ва тарзи ҳаёт маҳсуб меёбад.

Шарҳи ҳолро дар шакле, ки байни дигар номзадҳо ҷолибу диққатҷалбкунанда бошад, омода намоед. Ҷиҳатҳои пурзӯри худро тавсиф намоед, сифатҳо ва малакаҳои аз ҳама арзишманди худро номбар намоед. Дар соҳаи интихобнамудаи худ таҷрибаю лоиҳаҳои амалигардида доред? Доир ба онҳо маълумот диҳед, то ки маълум шавад, ки шумо дар оғоз ба чӣ корҳо қодир ҳастед! Шарҳи ҳоли хуб, муфассал ва босаводона тартибдодашуда ба мо имкон медиҳад, ки шуморо ҳамчун шахсият бубинем ва ба имконияти пешрафти шумо баҳо гузорем.

Дар қисми «Ҷойҳои холии кор»-и сомонаи https://jobmf.tj/ шарҳи ҳоли худро гузошта, ба фатҳи қуллаҳои нав якҷоя бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» омода шавед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»