Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар Бохтар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон идома дорад

Соли 2022 аз ҷониби корхонаю  коргоҳҳои соҳаи хӯроквории вилояти Хатлон  якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи қариб як миллиарду 426 миллион сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокӣ  истеҳсол карда шуд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҷамъбасти соли 2020 ба маблағи 505,3 миллион сомонӣ (54,9%) зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иттилоъ  дода  шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, иҷлосияи мазкур  таҳти   раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир доир мегардад.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия- рафти иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 «Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва нақлиёт, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ба вакилон ҳисобот дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон