Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

Дар давоми даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвари мо ба маблағи беш аз 110 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он зиёда аз 44 миллиард сомониро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз дар паёми шодбошии худ дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 45 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

«Узвияти кишвари мо дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад»,- таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: АМИТ «Ховар»